Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Фаъолият (бизнес) бе хатар номумкин аст, он самти мутақобили соҳибкории озод мебошад. Бо тараққи ёфтани муносибатҳои бозорӣ рақобат зиёд мешавад. Барои ба ин шароит тобовар будан, бояд барои ҷори намудани навигариҳои техники ва ғайраҳо, боғайратона қабул кардани амалҳои ғайристандарти қарор қабул кунем, ин бошад хатарро зиёд мекунад. Ногузир будани хатарро ба эътибор гирифта онро пешбини ва баҳо додан лозим аст ва меъёрҳои (ҳудудҳои) имконпазири онро дубора нагузаранд. Ҳамзамон таҷриба нишон медиҳад, ки чӣ қадар, ки дараҷаи хатар баланд бошад, дар сурати мувафаққият ҳамон қадар фоида зиёд мешавад.
Намудҳои зерини хатари соҳибкори мавҷуданд.
Хатари истеҳсоли, ки ба истеҳсоли маҳсулот, молхо ва хизматрасониҳо вобаста буда аз баамалоии ҳама намуди фаъолияти истеҳсоли бармеояд.
Хатари тиҷорати дар ҷараёни фуруши мол ва хизматрасониҳо ба амал меояд, ки соҳибкор онҳоро истеҳсол намудааст ё харидааст.
Хатари молияви дар соҳаи муносибатҳои корхонаҳо бо бонкҳо ва дигар институтҳои молияви пайдо мешавад.
Таҷрибаи бурдани фаъолият дар шароитҳои бозор зарурияти баҳои муайян додани хатарҳоро дар ҷараёни идоракунии захираҳо ва самаранок паст кардан ё руйпўш кардани натиҷаҳои манфии (негативии) онро талаб мекунад.
Ҳама гуна фаъолияти соҳибкори аз дараҷаи хатар эмин нест, хоҳ он истеҳсоли бошад, хоҳ намуди дигар. Соҳибкори кишоварзи фермер аз талафот эмин нест ба он маъно, ки ба ҷараёни истеҳсолот як қатор омилҳо таъсир мерасонанд ва онҳо шартан ба таври зерин тасниф мешаванд:
- табиӣ (хушксолӣ, обхезӣ ва ғ.);
- техникӣ (тухмии бесифат, нарасидани техника, қиммат будани сўзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва ғ.);
- технологӣ (мўҳлатҳои кишт, технологияи нодуруст, вайрон кардани киштгардон ва ғ.).
Идоракунии низоъҳо.
Одамоне, ки дар ташкилотҳо кор мекунанд аз якдигар фарқ мекунанд. Бинобар ҳамин ҳолатҳоеро, ки онҳо ба он рў ба рў мешаванд ҳар хел қабул мекунанд.
Фарқиятҳои дарккунӣ дар бисёр ҳолатҳо ба он оварда мерасонанд, ки одамон бо якдигар розӣ намешаванд. Ин норозигӣ ҳамон вақт пайдо мешавад, ки агар вазъият характери низоъӣ дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё