Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Созиш (компромисс), яъне созишномаест, ки дар асоси он манфиат ва талафот тақрибан баробар тақсим мешаванд.
Марҳилаи ниҳоӣ, баъди низоъӣ аҳамияти калон дорад. Дар ин марҳила барои пурра бартараф намудани муқобилияти ҳавасмандиҳо, мақсадҳо саъю кўшиш карда шавад, шиддатнокии иҷтимоию психологӣ ва ҳама гуна мубориза барҳам дода шавад.
БОБИ 7. ТЕХНОЛОГИЯИ ПАРВАРИШИ
ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ
Дар олами наботот зиёда аз 300 ҳазор навъҳои гуногуни растаниҳо ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин миқдор зиёда аз 25 ҳазор намуди растанҳои гуногун дар истеҳсолот истифода гашта, фақат 1,5 ҳазор намуди растаниҳо дар соҳаи кишоварзии умумиҷаҳонӣ парвариш меёбанд. Дар ҷумҳурӣ мо бошад бештар аз 200 намуд ва навъи зироатҳои киштшаванда мавриди истифода қарор дошта, бештар аз 50 намуди растаниҳои нав омўхта мешаванд. Ин зироатҳо бар асари инкишофи таърихӣ, тағйиротҳои эволютсионӣ зери таъсири ҳамешагии инсон нисбати онҳо бо мақсади беҳтар сохтани сифат ва маҳсулнокиашон бо роҳи тавлиди шаклҳои нав, навъ ва гибридҳо бо роҳи кор карда баромадани технологияи нави парвариш бо назардошти махсусиятҳои биологӣ ба вуҷуд оварда шудаанд.
Технологияи парвариши зироатҳои ғалладона, пунба (пахта), сабзавот, картошка, боғдорӣ ва дигар зироатҳо доир ба масъалаҳои маводи тухмӣ, меъёр ва масрафи тухмӣ, омода намудани хок, коркарди байниқаторӣ, системаи нуриандозӣ, реҷаи обёрӣ ва усулҳои ҷамъоварии ҳосил, коркард ва нигоҳдории ҳосил диққати алоҳидаро тақозо мекунанд.
Тухмишиносӣ дар бобати ба даст овардани маҳсулоти сифатан баланд қисмати муҳим ба шумор меравад. Тухмие, ки и энергияи баланди нешзанӣ (прорастания), майсазанӣ (всхожесть), тозагӣ (чистоты), аз ҷиҳати вазн барҷаста ва солим ҳосили баландро кафолат медиҳад.
Панди бузургон беҳуда чунин садо намедиҳад: «Аз гандум гандум рўяд, аз ҷав ҷав». Аз нуқтаи назари онтогенез тухмӣ дар давраи нумўи растаниҳо қарор дорад. Ташаккули онҳо дар растанӣ ва нумўи онҳо бевосита бо шароитҳои агротеҳникии хоку иқлим имконпазир аст. Аз ин рў баъзе нишондодҳои сифати тухмиро, ки бештари зироатҳои кишоварзӣ бояд доро бошанд ва дар ҷумҳурӣ парвариш меёбанду аз онҳо ҳосилнокӣ вобастагӣ дорад, номбар мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё