Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Низоъ-чунин муайян карда мешавад, вақте ки рафтори боидроконаи як тараф (шахсият, гурўҳ ё ташкилот) бо ҳавасмандиҳои тарафи дигар мухолифат мекунад. Менеҷер вобаста аз роли худ одатан дар маркази ҳамаи низоъҳои корхона меистад ва бо ҳамаи воситаҳои ба ў дастрас бояд ин низоъҳоро ҳал кунад. Идоракунии низоъҳо яке аз вазифаҳои мухими роҳбар мебошад. Ба ҳисоби миёна роҳбар кариб 20% вақти кориашро барои ҳалли низоъҳо сарф мекунад. Барои он ки низоъҳо самаранок идора карда шаванд донистан зарур аст, ки кадом намуди низоъҳо мавҷуданд, чи хел онҳо пайдо мешаванд ва чи тавр ин низоъҳоро бартараф кардан лозим.
Аз нуқтаи назари сабаби ҳолатҳои низоъи се шакли низоъро ҷудо мекунанд: низоъи мақсадҳо; низоъи фикрҳо (нуқтаи назар); низоъи эҳсосотӣ.
Ҳамаи ин низоъҳо метавонанд дар дохили ташкилот дар сатҳҳои гуногуни он рух диҳанд, ба монанди: дар дохили шахси алоҳида; дар байни шахсхо; дар дохили гурўҳ; дар байни гурўҳҳо; дар дохили ташкилот.
Ин сатҳҳо байни худ алоқаи наздик доранд. Ҳар як роҳбар ба он ҳавасманд аст, ки ҳар низоъе, ки дар ташкилот ё подразделенияҳои он пайдо мешавад зудтар бартараф карда шавад, чунки натиҷаҳои он метавонад зиёни калони маънавию материалӣ биёрад. Аз нуқтаи назари афзалият панҷ воситаи эҳтимолии таъсирро ба иштирокчиёни низоъҳо ҷудо мекунанд, ки метавонанд ба ҳалли он оварда расонанд.
Воситаҳои боваркунони ҳамон вақт самара медиҳад, ки агар тарафи муқобил тайёр бошад, ки дигар тавр рафтор кунад, чунки ў фаҳмид, ин кор ба фоидаи худаш аст.
Меъёрбанди кардан – манфиати ҷамъиятро далел намуда аз берун ба ҳарифон таъсир расонидан. Ин роҳи институтсионалӣ аст, ки ба одат ва анъанаҳо такя мекунад.
Ҳавасмандии материалӣ вобаста аз вазъият истифода бурда мешавад. Ҳарифон барои қисман ба даст овардани мақсадҳои худ розианд, мехоҳанд, ки аққалан то андозае ҳароҷотҳои худро пўшонанд.
Истифодаи ҳокимият бо мақоми худро дар ташкилот истифода бурдани роҳбар алоқаманд аст (фармон, супориш, қарор ва ғ.).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё