Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Ҳамчунин тухмиҳоро дар нуриҳои бактериалӣ, нитрогин, фосфорбактерин (200-300 г дар 100 кг тухмӣ) зери таъсир қарор медиҳанд.
Безараргардонӣ ва гардзанӣ (опудривание) – тадбирҳои профилактикӣ дар муқобили касалӣ ва зараррасонҳо ба ҳисоб рафта, тухмиҳоро бештар ба василаи захрҳои кимиёӣ ба мисли ТМТД (2,5-3 кг барои 1 тонна), витовакс (2 кг барои 1 тонна тухмӣ), фентиурам, гранозан ва ғ. безарар мегардонанд.
Мо бо баъзе тарз ва нишондоди маводхои тухмӣ шиносо шудем, ки онҳоро дар шароитҳои саҳроӣ истифода бурда, барои ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ асос гузорем.
Хусусиятҳои парвариши ғалладонагиҳо Зироатҳои ғалладонагӣ моҳияти калони хоҷагидорию халқиро соҳиб мебошанд. Онҳо барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва пойгоҳи мустаҳками хўрокӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин зироатҳои ғалладонагӣ барои саноати ордистеҳсолкунанда-маснуоти ярма, соҳаҳои қаннодӣ, шаробу арақкашӣ ва ғ. ҳамчун ашёи хом хизмат мекунанд.
Таносуби қисми зироатҳои ғалладонагӣ зиёда аз 50%-и майдонҳои кишти ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Зироатҳои ғалладонагӣ аз ҷиҳати ҳайати таркибӣ навъҳои гуногуни зиёд – гандум, ҷав, сулӣ, ҷавдор, ҷуворимакка, шолӣ, ҷойҷуворӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Аз ҷиҳати мўҳлати парвариш ба тирамоҳию баҳорӣ ҷудо мешаванд. Зироатҳои баҳорӣ ба баҳории барвақт (гандум ва ҷав) ва баҳории дер (ҷуворимакка, шолӣ, ҷойҷуворӣ, арзан) гурўҳбандӣ мешаванд.
Зироатҳои қаторӣ ва кишташон саросарро фарқ мекунанд.
Зироатҳои қаторӣ бо кишти васеъҷўяк - ҷуворимакка, ҷойҷуворӣ ва ғ., кишташон саросар бо масофаи байниқаторҳо 7-15 см гандум, ҷав ва ғ. ба ҳисоб мераванд.
Дар рушди зироатҳои мазрўӣ фазаҳои зеринро мушоҳида мекунанд:
- Давраи эмбрионалӣ (инкишофи ҷанин), ки онро давраи тухмӣ низ мегўянд, аз сабзиши 2-3 барг то ибтидои шоху навдабарориро дар бар мегирад.
- Давраи навниҳолӣ аз ташаккули поя, реша баргҳо ва навдабарорӣ иборат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё