Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Кишоварзӣ
Аз аввал хондан- Давраи камолот ташаккули орган (узв)-ҳои генеративӣ (органҳои афзоишёбанда), хўшагул ва гулкуниро дар бар мегирад.
- Давраи афзоишёбӣ бо ташаккули органҳои генеративӣ ба анҷом расида, хўшагулҳо пайдо гашта ё шоху хўшаҳо пурра ба вуҷуд меояд.
- Давраи пиршавӣ мурдани узвҳои самаровар ва пухта расидани мева.
Мавкеъ дар киштгардон – зироатҳои ғаллагиро пас аз майдони пурра дамдода ё майдони банд дар лалмӣ ҷой додан мувофиқ буда, ҳамчунин пас аз зироатҳои яксолаи лўбиёгӣ кишт намуданашон муносиб аст. Дар заминҳои обёришаванда пас аз ҷуворимакка ва дигар зироатҳои емворӣ юнучқа кишт кардан лозим аст. Дар мавриди зоҳир намудани касалиҳои гуногун зироатҳои ғалладонагӣ (доғзанӣ, қарокўяи сиёҳ) киштро паи ҳам иваз намудан лозим аст. Таҷрибаҳо тартиби зерини ҷой додани зироатҳоро: ғаллагӣ 60-65%, зироати асосӣ 20-25%, майдони пурра дамдода ё банд 20-25% ва алафҳои яксола 10-15% аз ҳама беҳтарин медонанд. Дар ҳолати ба чунин тарз ҷой додани зироатҳо, ҳосилнокӣ ба миқдори 2-2,5 маротиба афзоиш меёбад.
Коркарди хок – аз пешинакишт вобастагӣ дорад, вақте ки тибқи заминҳои дамдода кишт карда мешавад, ҳамчунин ба муқобили алафҳои бегона мубориза бурда мешавад (хашхош, бомас, талха) коркарди на он қадар чуқур 18-22 см ба амал бароварда мешавад: плугҳои овезадорӣ ПН-3-35, молаҳои дискӣ (чархмола) ва култиваторҳои чизелӣ истифода бурда мешаванд.
Дар заминҳои обёришаванда коркарди хок вобаста аз пешинакишт то ба чуқурии 25-30 см ба тарзи шудгор гузаронида мешавад. Плугҳои пешплугдор бо мақсади ба зери шудгор партофтани пояҳо ба миқдори 8-10 см истифода бурда мешаванд.
Нуриҳо. Зироатҳои ғалладона (гандум, ҷав ва ғ.) нисбати нуриҳо серталаб мебошанд. Ҳангоми коркарди асосӣ дар тирамоҳ дар мавриди мавҷуд будани нуриҳои органикӣ дар хоҷагӣ (пору), ки 20-25 т/га андохта мешавад, ҳамаи меъёри нуриҳои фосфорӣ пошида мешаванд. Нуриҳои азотӣ бошад, асосан дар давраи қадкашӣ ва хўшабандӣ андохта мешаванд. Ба ҳисоби миёна 1 тонна нурии маъдании N ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагии тирамоҳиро то 1,5 тонна, баҳориро то 1 тонна баланд мебардоранд (агар навъҳои интенсивии онҳо кишт карда шаванд). Нуриҳои азотӣ (карбамид) бо назардошти махсусиятҳои навъи (кўтоҳпоя, хобнараванда) ба миқдори 150-200 кг/га андохта мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё