Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Чунки миқдори маблағе, ки онҳо ба даст меоранд, хело ночиз аст.
Масалан, барои як воҳиди кори коркарди чобўқ, ки ба 0,07 га баробар аст ва дар муддати як ё ду рўз ба ҷо оварда мешавад, занҳо 10-15 сомони мўзд мегиранд. Барои ин корро иҷро намудан ба занҳои дар саҳро кор мекардагӣ дар масофаи 1167 метри тўлонӣ бояд 10 ҳазор маротиба дар назди ниҳолҳои пахта каланд зананд. Агар вазни сабуктарини миёнаи як каланд ба 1,5 кг баробар бошад, пас дар маҷмўъ ин зан шартан қувваи хешро барои ба як ҷои дигар гузаронидани бори вазнаш 15000 кг буда сарф менамояд! Аммо агар бори 15000кг картошкаро дар бозор аз мошин ба замин фароред, ба шумо камаш 60 сомон мўзд медиҳанд.
Агар зан дар саҳро дар вақти шукуфтани ҳосил ниҳолҳои чўйякҳоро ба ду тараф хобонад, то ин ки ҳосили расонида шуда тезтар шукуфад, дар ин ҳолат вай масофаи 8800 метрро бо қомати хам тай намуда, ҳамагӣ 3 сомон мўзд мегирад. Яке аз сабабҳои чунин ҳақпардозии кам ин андози калон супоридани хоҷагиҳои дехқонӣ аз мўзди меҳнати коргарон ба шумор меравад.
Мавзўъи дигар таҳлили муҳими соҳа ин аст, ки ҳамаи хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар минтақаи пахтазор таъсис дода мешаванд, мувофиқи моддаҳои 3, 5, ва 17-ўми «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» аз соли 2002 бояд дар истифода бурдани замин ва интихоби зироати киштшаванда мустақил бошанд. Аммо муттассифона имрўз ин хоҷагиҳо дар ин кор соҳибихтиёр набуда, қариб дар тамоми заминҳояшон зери нишондоди роҳбарони ҳукуматҳои болоӣ ва маҳал маҷбуран кишти пахтаро мегузаронанд. Ин ҳолат ба онхо имконияти ба даст овардани даромади иқтисодиро кам намуда, ҳавасмандии онҳоро нисбати ин соҳаи муҳим коста мегардонад.
Аз тарафи дигар ин ба яказироатӣ ва камқувват гаштани замин оварда мерасонад. Бинобар ин бисёр хуб мешуд, ки ба хоҷагиҳои деҳқонии минтақаи пахтазор имконияти дар 50-70 % замини ба ўҳдаашон буда, кишти пахта гузаронида, дар боқимонда заминҳо кишти дигар зироатҳои тез фоида оварандаро рўхсат диҳанд. Дар ин ҳолат онҳо метавонанд, ки аз ҳисоби даромадҳои хеш сол аз сол ба истиқлолияти иқтисодӣ ноил гарданд.
Ғўзапоя манбаъи асосии ҳарорат дар деҳот Дар шароити ҷумхури пахта асосан ба усули қатори кишт гашта, дар як гектар тахминан 16667 метри тўлонӣ ҷойгир гашта, тақрибан 83-92 ҳазор ниҳоли пахта парвариш меёбад (ин нишондод барои навъҳои маҳиннах тахминан 10-12 % зиёд аст), ки баъди чидани ҳосил ин ниҳолҳо ба сифати сўзишворӣ истифода мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё