Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Чунин ахамияти харорат пайдокуниро инчунин ниҳолҳои тамоку ва офтобпараст низ соҳиб мебошанд.
Аҳолии деҳот баъди чидани ҳосил ба ҷамъоварии ниҳолҳои пахта машғул гашта, барои аз саҳро баровардани ниҳолҳхо дарзаҳои ғўзапояро тайёр менамоянд. Дар як дарза тахминан 80- 100 дона ниҳол ҷойгир карда мешавад. Дар маҷмўъ аз як гектар тахминан 900 - 1000 дарзаи ғўзапоя ба даст оварда мешавад.
Нархи як дарзаи ғўзапоя дар деҳот тахминан 30-50 дирамро ташкил медиҳад. Дар маҷмўъ нархи ғўзапояи 1 га тахминан ба 350 сомонӣ баробар мегардад. Чи тавре, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, як оилае, ки аз 6-8 нафар иборат бошад дар давоми сол тахминан ба 400-500 дона дарзаи ғузапоя зарурат дорад. Ба ҳамин тариқ 1 га пахтазор барои ду оиларо бо сўзишвории нисбатан арзон дар муддати сол таъмин карда метавонад. Агар пахтазори ҷумхури зиёда аз 285 ҳазор га бошад, пас ин майдон барои бо сўзишворӣ таъмин намудани 570 ҳазор оила ё ин ки қариб 4миллион одам (қариб 63% аҳолии ҷумхури) бо сўзишворӣ барои тайёр намудани нону хўрок ва гарм кардани хона дар фасли зимистон хизмат мекунад.
Тассавур кардан ниҳоят душвор аст, ки агар дар ҷумҳури пахта кишт нагардад ва оқибати вай барои дарёфти сўзишвории мардуми деҳот аз ҳисоби дарахтон ва буттаҳо чи қадар оқибатҳои зараровари экологиро пеш меовард.
Дар ин ҷода мехоҳем қайд намоем, ки қувваи асосии ба даст овардани чунин миқдори гармӣ дар ҷумҳури занон, модарон, хоҳарону (маликаҳои саҳро) деҳқонони саҳро башумор мераванд.
Ва бисёр размист, ки дар бораи оташи зан устоди назми тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:
«Зан агар оташ намебуд хом мемондем мо, Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
Оташи зан буд, ки мо сўхтему сохтем, Варна чун санги сари аҳром мемондем мо».
Дар ҳақиқат ҳам ҳақ ба ҷониби шоири маъруфи тоҷик аст, ки занҳо ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, дар саҳроҳои пахта меҳнати тоқатфарсо намуда, бо умеди оне, ки дар хонадони онҳо гармӣ бошаду, тани мардум пўшида ва рўшди ҷомеъа муясар гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё