Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мувофиқи натиҷаҳои заводҳои пахтатозакунии ҷумҳури баромади нахи пахта тахминан ба 30-33 % мерасад. Агар ба ҳисоби миёна дар миқёси ҷумҳури баромади нах 31,5% бошад, пас истеҳсоли солонаи нахи пахта тақрибан аз 537 ҳазор тона пахтаи истеҳсолгаштаи соли 2003- ум тахминан 170 ҳазор тонаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор каме зиёдтар аз 20 ҳазорашро дар ҷумҳури коркард намуда, боқимондаашро тоҷирону сармоягузорон ба бозори умумиҷахонӣ ба тариқи ашёи хом ба фурўш мебароранд.
Ва дар сурате, ки тоҷирону сармоягузорон тавонанд 1 тона пахтаро бо нархи 1300 доллари фурўшанд, миқдори умумии фурўши нахи пахта кариб 200 миллион долларо ташкил медиҳад.
Агар қимматар фурўшанд даромад мутаносибан низ меафзояд. Аз ин маблағ як қисмаш ба тариқи андоз ба хазинаи мамлакат ворид гашта, қисми зиёди фоида дар ихтиёри тоҷирон ва сармоягузорон дар ҷумхури боқӣ мемонад.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сармоягузарон ва тоҷирон дар баробар ва одилона тақсим намудани фоидаи ба даст омада аз фурўши нахи пахта дар бозори муштарак байни онҳо ва пахтакорон, қариб ки тамоми фоидаро ба фоидаи хеш ворид сохта, ба ҳавасмандии пахтакорон дар афзун намудани пахта сол аз сол монеъагиро ба амал меоранд.
Масалан, таҳлили ҳаматарафаи ин мавзўъ дар ҳисоби солонаи ташкилоти байналмиллали Мубориза Алайҳи Гурўснагӣ дар ҷумхури (Реформаи Замин дар Тоҷикистон: Аз Марказ то ба Саҳрои Пахта, Душанбе Октябри 2003), нишон дода шудааст, ки харидори асосии пахтаи ҷумхурии мо Компанияи Раул Рейнхард барои харидории 1 тона пахта ба тоҷирону саҳмоягузорони ҷумҳури қариб 400 доллар маблағгузорӣ менамоянд.
Сармоягузорони маҳалӣ барои парвариши пахта дар майдони 1 га ба пахтакорон ба арзиши 250 - 300 доллар лавозимотҳои заруриро ба монанди сўзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва ғайра дар асоси шартномаҳои тарафайн пешкаш менамоянд. Ба ивази ин корҳо онҳо дар охири сол аз пахтакорон аз майдони 1га пахтазор,
2 тона пахта талаб менамоянд, ки ин барои парвариши 1 тонна пахта додани 150 доллар рост меояд. Вале чи тавре, ки мутахассисони ин ташкилот муайян сохтанд, аз сабаби оне, ки сармоягузорон ва тоҷирон ба пахтакорон сари вақт мўзди меҳнат намесупоранд, нархи маҳсулотро баланд мебардоранд, дар асл онҳо барои 1 тона пахта қариб 100доллар маблағ мепардозанд.

пешина
аз 164
навбатӣ