Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Вале мутаассифона онҳо ба ивази меҳнати вазнини хеш фоидаи хело кам ба даст меоранд.
Аз баъзе мўшоҳидаҳои мо бармеояд, ки чунин меҳру муҳаббати зан ба замин, ба меҳнат, ба ояндаи фарзандон аст, ки онҳо қариб дар тамоми олам башар нисбат ба мардон умри дароз мебинанд.
Масалан, дар ҷумҳурии мо мувофиқи маълумотҳои оморӣ (соли 2000 -ум) миқдори одамоне, ки синашон аз 100 сол боло ҳаст 517 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 420 нафарашон занҳо мебошанд (81%). Илоҳо умрашон дароз ва саломат бошанд!
Солҳои охир дар ҷумҳури истеҳсоли пахта зиёд гашта истодааст ( дар соли 2001 - 417 ҳазор тона, дар соли 2002 - 516 ҳазор тона ва дар соли 2003 - 537 ҳазор тона), гарчанде дар ин солҳо нақшаи давлатии истеҳсоли ин зироат иҷро нагардид.
Сабаби асосии ин ҳолат ҳавасмандии пасти пахтакорон ба шумор меравад. Дар бисёр ноҳияҳо ҷавонон аз сабаби оне, ки онҳо аз пахтакорӣ даромади заруриро ба даст намеоранд, маҷбур ба дигар мамлакатҳо ба мардикорӣ мераванд. Ҳоло дар бисёр ноҳияҳо механизаторону обмонҳои ботаҷриба ва ҷавонон намерасанд.
Вале ба ин ҳама камбудиҳо нигоҳ накарда, пахта дар ҷумҳури ҳамчун зироати стратегӣ манбаи сўзишвории мардуми деҳот ва ба даст овардани нахи қиматбаҳо боқӣ мемонад. Соҳаи пахтапарварӣ дар оянда бояд бо роҳи баланд бардоштани ҳавасмандии мардуми деҳот пеш бурда шавад.
Нахи пахта - ашёи зарурӣ дар ҷумҳури Боду ҳавои хуби бисёр ноҳияҳои ҷумҳури барои ба даст овардани ҳосили баланди пахта мусоидат менамоянд. Аз ин ҷост ки пахта дар 33 ноҳия кишт гашта, ҳар сол дар майдони зиёда аз 285 ҳазор га доман паҳн менамояд.
Маҳсулоти асосии ин зироат албата нахи он башумор меравад. Махсусан ҳоло нахи пахтаи тоҷик дар бозори ҷаҳони талаботи калони харидоронро пайдо кардааст. Дар мамлакати мо дар баробари алюминий ва қувваи барқ нахи пахта низ ашёи содиротӣ ба шумор меравад.
Талаботи ҷаҳонии истеҳсоли пахта қариб 19, 5 миллион тонаро ташкил медиҳад ва нархи нах дар бозори муштараки ҷахонӣ низ аз миқдори истеҳсолии солонаи вай вобастагии калон дорад. Дар бозорҳои ҷахонӣ нархи пахтаи миёнанах аз 800 то 1800 доллар ва аз ин ҳам зиёд гашта метавонад. Нахи пахтаи навъҳои маҳиннах дар ҳар ҳолат нисбат ба нахи пахтаи миёнанах баландтар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё