ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Ҳар яки ин микрозабонҳо аз ҷиҳати мавзўъ аз якдигар фарқ карда, ҷиҳати истифодаи воситаҳои забонии баён, пеш аз ҳама воситаҳои луғавӣ (истилоҳот, номгон ва монанди ин) ва воситаҳои синтаксисӣ махсусиятҳои худро дороанд. Ин тафовут пеш аз ҳама дар тафовути байни худи илмҳо аз рўи мавзўи омўзишу пажўҳиш, доираи мафҳумҳо ва усулҳои таҳқиқот зоҳир мегардад.
§3. ГУНОГУНИИ ТАРЗҲОИ БАЁН ДАР ЖАНРҲОИ
ГУНОГУНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Бо забони илмӣ адабиёти зиёде иншо мегардад, ки онҳо аз нигоҳи таъйинот ва мазмун гуногун мебошанд. Ба адабиёти илмӣ рисолаву монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмўаҳои илмӣ, маҷаллаҳои илмӣ, роҳнамову маълумотномаҳои илмӣ, маърўзаю гузоришоти илмӣ ва монанди ин мансуб мебошанд.
Ба иборати дигар, жанрҳоеро, ки бо онҳо иттилооти илмӣ пешниҳод мегардад, ин тавр гурўҳбандӣ кардан мумкин аст:
- мақолаҳо дар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, маърўзаву гузоришҳои илмӣ, асару маҷмўаҳои илмӣ ва монанди ин, ки мақсад дар онҳо одатан маълумоти нав дар бораи натиҷаи таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи амалии ин таҳқиқот мебошад; 2) мақолаҳо ва фишурдаи онҳо дар маҷалаҳои илмӣ ва техникӣ, брошураҳо, маърўзаҳо, гузоришҳо, роҳнамову маълумотномаҳо ва монанди ин, ки мақсад дар онҳо хулоса кардани натиҷаҳои таҳқиқот ва баён кардани дастовардҳои илмии бадастомада мебошад; 3) китобҳои дарсӣ, васоити таълим, барномаҳои таълим, маҷмўи масъалаву машқҳо, маводи таълимиву методӣ ва монанди ин, ки тамоюли таълимиву маърифатӣ доранд; 4) ҳуҷҷатҳои техникӣ ва саноатӣ, созишномаву дастуруламалҳо, реклама ва монанди ин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё