ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Ҳар яке аз ин навъи жанрҳо аз лиҳози мазмуну истифодаи воҳидҳои луғавӣ фарқ мекунанд. Дар ҳамон як жанр, масалан китоби дарсӣ ва ё мақола ҳамон як навъи матнҳо ва ё мавзуъҳо ба тарзҳои гуногун баён карда мешаванд. Чунончи, баёни нукоти назариявӣ назар ба шарҳи исботи гипотеза ё теоремаҳо фарқ мекунад, ва ё шарҳи исбот ба тавсифи таҷриба ва асбобҳо ҳеҷ як монандие надорад.
Масалан, дар забони адабиёти илмию техникии таълимӣ навъҳои зерини баёнро ҷудо кардан мумкин аст: таъриф, исбот, муҳокима, тавсиф, тасниф, шарҳ, нақл, хулоса, маълумоти таърихӣ, натиҷагирӣ ва ғайра, ки онҳо низ хусусиятҳои хоси худро дар истеъмоли воситаҳои забонӣ доранд. Мисолҳо:
- Таъриф шакли кўтоҳ ва равшани баёни мазмуни асосии мафҳуми илмӣ мебошад. Зимни таъриф додани мафҳуми илмӣ муҳимтарин аломатҳои мазмуни он муқаррар ва муайян карда шуда, робитаи он бо мафҳумҳои дигари илмӣ ошкор ва ҷойи он дар маҷмўи мафҳумҳои соҳаи муайяни илм таъйин мегардад.
Чунончи:
Таърифи бузургиҳо, равандҳо (просессҳо), моддаҳо ва хосиятҳо:
Муодилаи логарифмӣ гуфта муодилаеро меноманд, ки он дар таҳти аломати логарифм тағйирёбанда дорад; Логарифми асосаш е логарифми натуралӣ номида мешавад; Муодилае, ки дар он номалум дар дараҷа аст, муодилаи нишондиҳандагӣ ном дорад (математика); Пайвастагиҳоеро, ки дар ҳалқаи худ ғайр аз атоми карбон атомҳои элементҳои дигарро низ доранд, пайвастагиҳои ҳетеросиклӣ меноманд; Аминҳо гуфта, ҳосилаҳои органикии аммиакро меноманд, ки дар молекулаашон як ё якчанд атоми ҳидроген бо радикали карбоҳидрогенӣ иваз шудааст (химия); Маҷмўи ҷисми сарҳисоб, координатаҳои ба он алоқаманд ва асбоби вақтченкунандаро системаи сарҳисоб меноманд; Ҷисме, ки масса дорад ва андозаҳои онро дар шароити муойинашаванда ба эътибор нагирифтан мумкин аст, нуқтаи моддӣ (материалӣ) ном гирифтааст; Тавоноӣ гуфта бузургии физикиеро мефаҳманд, ки он ба нисбати кори иҷрошуда бар фосилаи вақти иҷрои кор баробар аст (физика).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё