Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

(Зикр намудан ба маврид аст, ки тарзи морфологӣ-синтаксисии истилоҳсозӣ бештар дар сохтани истилоҳоти ҳарбӣ, ки онҳо номи амру фармонҳои ҳарбиро ифода мекунанд, истифода мешавад).
Тарзи бештар маъмули истилоҳсозӣ дар адабиёти илмии техникии тоҷикӣ тарзи лексикӣ-семантикӣ мебошад. Дар ин тарзи истилоҳсози калимае, ки ба сифати муодили тоҷикии истилоҳи русӣ пазируфта шудааст, тағйироти семантикӣ дидааст, яъне аз маъниҳои луғавии худ дар забони умум маҳрум гардида, дар забони адабиёти илмии техникӣ ба он ба таври сунъӣ мазмуни мафҳуме аз ин ё он соҳаи илм таҳмил карда шудааст. Чунончи, калимаи «ҷараён» дар адабиёти илмии техникӣ акнун на маънии ҳаракати об, балки ҳаракати зарраҳои заряднокро дар дохили модда, яъне мафҳуми «ҷараёни электрикӣ»-ро ифода кардааст. Ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки истилоҳе, ки дар забони тоҷикӣ мафҳумеро дар ягон соҳаи илм ифода мекунад, дар соҳаи дигари илм чун истилоҳ ворид гардида, мафҳуми дигари илмиро инъикос намудааст. Масалан, истилоҳи ҷуғрофиву ахтаршиносии «қутб»
(қутби шимол, қутби ҷануб) дар илми физика ба сифати муодили тоҷикии истилоҳи русии «полюс» қабул гардида, мафҳуми «қутби мусбат (ё манфӣ)-и манбаи ҷараёни электрикӣ»-ро ифода кардааст.

пешина
аз 67
навбатӣ