Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Умуман, истилоҳофаринӣ гуфта дар забонҳои муосири муқтадири илмӣ (инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ ва чанди дигар) раванди номгузорӣ кардани мафҳумҳои нави илмиро ҳамвора бо рушди соҳаҳои гуногуни илм фаҳмида мешавад.
Пайдост, ки дар дигар забонҳои миллии мавҷуд дар ҷаҳон (зиёда аз 3000 забон) истилоҳоти забони миллӣ бар пояи ин забонҳои аз ҷиҳати истилоҳофаринӣ пешрафта ба вуҷуд оварда мешавад. Як роҳи асосии ба вуҷуд забонҳои муқтадири илмӣ мебошад. Зимнан, дар ин маврид бояд қоидаҳои умумии истилоҳофаринӣ дар ҳар забони миллӣ риоя карда шавад.
Як хусусияти муҳими истилоҳоти муосири илмӣ дар забони тоҷикӣ (хосатан истилоҳоти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, мисли физика, риёзӣ, кимиё, ҷуғрофия ва монанди ин) он аст, ки аксарияти онҳо дар фароянди тарҷумаи адабиёти русӣ (ва ҳоло ҳамчунин аз адабиёти забонҳои дигар низ) сохта ва ё пазируфта мешаванд. Аз ин рў ҳангоми сохтани истилоҳи илмӣ дар забони тоҷикӣ масъалае ҳамеша дар миён аст, ки талаботи ҳам аз ҷиҳати илмиву ҳам аз ҷиҳати забонӣ саҳеҳ омадани истилоҳоти илмӣ риоя карда шавад, зеро истилоҳи мақбул танҳо дар натиҷаи муборизаи ин ду зарурат тавлид шуда метавонад. Маълум аст, ки истилоҳи илмӣ номи мафҳуми илмӣ мебошад. Бинобар ин, яке аз шартҳои зарурие, кидурустии истилоҳсозиро аз ҷиҳати илмӣ таъмин мекунад, фаҳмидану донистани мазмуни мафҳуми илмӣ мебошад, зеро, тибқи қонуниятҳои умумии истилоҳофаринӣ, дар баъзе мавридҳо номи мафҳум (яъне истилоҳ) дар заминаи яке аз барҷастатарин аломатҳои мазмуни мафҳуми илмӣ сохта мешавад.

пешина
аз 67
навбатӣ