ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Раванди истилоҳсозӣ дар адабиёти илмии техникӣ роҳҳои гуногун дорад. Яке аз роҳҳои истилоҳсозӣ эҷоди истилоҳҳои ҳосила (ҳосилаистилоҳот) бар пояи истилоҳи мавҷуда дар системаи истилоҳоти як соҳаи илм мебошад. Дар ин маврид тарзи лексикӣ-синтаксисии калимасозӣ истифода гардида, ба истилоҳи ошно калимае ва ё унсури калимасозе ҳамроҳ карда мешавад, ки дар натиҷа истилоҳҳои наве бо мазмунҳои нав тавлид меёбанд. Ин истилоҳот маънии амалу ҳаракатро дошта, тариқи исмҳои феълӣ ифода карда мешаванд.
Чунончи, дар системаи истилоҳоти физика бар пояи истилоҳи гармо (теплота) ин гуна ҳосилаистилоҳот сохта шудаанд:
гармоиш, гармоғунҷоиш, гармоноқилият, гармопазирӣ, гарморасонӣ, гармозойӣ ва ғайра. Шарти асосӣ дар ин роҳи истилоҳсозӣ интихоби дурусти калима ва унсурҳои калимасоз мебошад, то истилоҳи ҳосила кўтоҳу ғунҷо ва осонфаҳм тавлид ёбад. Ғайр аз ин, истилоҳи ҳосила бояд яке аз аломатҳои барҷастаи мафҳуми илмиро инъикос карда тавонад.
Тарзи дар шакли ибора сохтани муодилҳои истилоҳоти бегона низ дар адабиёти илмии техникӣ маъмул аст.
Ибораистилоҳ ду ва ё чанд калима ва ё калимаву истилоҳест, ки як мафҳуми мураккаби илмиро ифода мекунад. Масалан, дар системаи истилоҳоти физика истилоҳҳое чун қувваи ҷараён, ҳаракати мунтазам, қонуни бақои энергия, шитоби афтиши озодона, қувваи оптикии линза ва ғайра мисоли ибораистилоҳот мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё