ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Дар раванди истилоҳгузинӣ тарзи лексикӣ-семантикии калимасозӣ истифода гардида, бар дўши калимаи интихобие аз захираи луғавии забони адабӣ мазмуни нави илмие бор карда мешавад. Дар ин маврид калимаи истилоҳгардида аз тамоми маъниҳои луғавии худ маҳрум шуда, дар системаи истилоҳоти як соҳаи илм мазмуни танҳо як мафҳуми илмиро ифода мекунад. Истилоҳеро, ки дар ин маврид тавлид меёбад, калимаистилоҳ гуфтан мумкин аст. (Дар забони илм ба воситаи калимаистилоҳот асосан номи бузургиҳо ва хосиятҳои илмӣ ифода карда мешавад). Чунончи, дар системаи истилоҳоти илми физика истилоҳҳое чун суръат, фишор, кор, қувва, шиддат, маҳкамӣ, устуворӣ, сахтӣ ва монанди ин маҳз бо ҳамин роҳ эҷод шудаанд. Маънии луғавии масалан, калимаи «суръат» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» тезӣ, тундӣ дар сайру гашт, тезии ҳаракат ва фаъолият мебошад. Дар системаи истилоҳоти физика ин калима ҳамчун истилоҳ мазмуни зеринро дорост: «бузургии физикие, ки нисбати масофаи дар воҳиди ваҳт паймудаи ҷисмро бар фосилаи ҳамин вақт ифода мекунад».
Вожаи «суръат» тариқи тарҷума ба сифати муодили тоҷикии калимаистилоҳи русии «скорость» пазируфта шудааст.
Пас савол ба миён меояд: шартҳои асосии интихоби калимае аз захираи луғавии забони миллӣ ба сифати муодили истилоҳи русӣ кадомҳоянд?
а) калимаи тоҷикӣ низ бояд яке аз маъниҳои луғавии калимаистилоҳи русиро дошта бошад; б) калимаи тоҷикӣ низ бояд яке аз аломатҳои барҷастаи мафҳуми калимаистилоҳи русиро таҷассум карда тавонад; в) азбаски калимаистилоҳоти русӣ асосан исм ва сифат мебошанд, муодилҳои тоҷикии онҳо низ бояд аз ҳамин ҳиссаҳои номии нутқ бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё