МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Муаллим қаринаи ҳамин гуна дарсро метавонад ба таҳмили аносири забонӣ ихтисос диҳад, ки намунааш метавонад чунин бошад:
Саъдӣ дар вожагузинӣ маҳорат дорад, вожаро дуруст бармегузинад ва дар ҷои худ менишонад. Сухани Саъдӣ, хоҳ қарини иҷоз бошад, хоҳ қарини итноб холӣ аз ҳашв аст. Ҳар гоҳ ба итноб мегарояд, ваҷҳе дорад. Ба муҷазтарин ҳикояти «Гулистон» таваҷҷуҳ кунед.
Ҳиндуе нафтандозӣ ҳамеомўхт. Ҳакиме гуфт:
-Туро, ки хона найин аст, бозӣ на ин аст!
Мўсо алайҳисалом Қорунро насиҳат кард, ки аҳсин камо аҳсаноллаҳу алайк (некӣ кун, чунонки Худо ба ту некӣ кардааст). Нашунид ва оқибаташ шунидӣ.
Дар асоси ин ду мисол омўзгор метавонад аввал муҷазбаёнии Саъдиро, сипас дарозгўӣ (итноб) накардани ўро собит созад. Ҳамчунин дар истифодаи калимаву таъбироти арабӣ низ ҳадшинос будани ўро таъйид кунад.
Дар ҳамин гуна дарс гуфтугў дар атрофи насри шоиронаи Саъдӣ низ мувофиқи матлаб аст.
Насри Саъдӣ хислати забони шоирона ё шеъри мансурро дорад ва ин дар дебочаи «Гулистон», дар боби панҷум ба назар намоёнтар аст. Барои намуна дар ҳикояти моҷарои ҷавоне, ки ошиқи шоҳзодае шуд ва бо висоли ў ҷон бохт, саҷъ ва ташбеҳ ва истиора ва мурооти назир, мавозина ва иҳом ҷамъ шудааст. Ҷуз ин тавсифоти шоирона, фасоҳат ва равонии гуфтор, вазн ва оҳанги даруни онро ба шеър бадал кардааст.
Якеро дил аз даст рафта буд ва тарки ҷон гуфта ва матмаъи назари ў ҷое хатарнок ва вартаи ҳалок, на луқмае, ки мусаввар шудӣ ба ком ояд ё мурғе, ки ба дом ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё