Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Изофаҳо ё худ таркибҳои маҷозӣ низ сабки «Гулистон»- ро муайян мекунанд. Монанди: қиблаи чашм, пои вуҷуд, дарди фироқ, хори аҷал, гули рў, фарши ҳавас, дасти гетӣ, теғи ҳалок, боғи васл, сармояи умр ва ғайра.
Натиҷаи фаъолияти омўзгор дар таълими адабиёт аз бисёр ҷиҳат ба таҳлили дуруст, асоснок ва ҳадафманди асари бадеӣ вобаста мебошад. Хондани асари бадеӣ дар фароянди таълими адабиёт аз равиши таҳлили он ҷудо нест. Агар ин ду усули омўзиш мутаносибан корбаст нашаванд, заҳмати омўзгор натиҷаи чашмрас нахоҳад дод.
Бояд дар ҷараёни таълими адабиёт дар назар гирифт, ки асари бадеӣ унсури олии адабиёт аст ва мавриди омўзиши адабиётшиносӣ қарор мегирад. Таълими самараноки ин фан бе донистани асосҳои назарӣ ва амалии таҳлили адабиётшиносӣ ғайри имкон аст. Ҳангоми таҳлил омўзгор бояд ба хонандагон талқин кунад ва фаҳмонда тавонад, ки адабиёти бадеӣ, пеш аз ҳама осори ҳунар аст. Бинобар ин ҳам, асари бадеӣ ифодагари мундариҷаи муайяни ҳиссию маънавӣ буда, ҳадафи ғоявии муаллифро дар сурати образҳои бадеӣ, ки пеш аз ҳама, арзиши зебошинохтӣ доранд, ифода мекунад. Ба ифодаи дигар, асари бадеӣ ин гуфтори шоиру нависанда дар бораи дунё ва санади бадеии фарди ҳунарманд доир ба воқеияти зиндагист.
Гуфтугў дар бораи адабиёт суҳбат дар бораи зиндагист.
Дар ин гуфта ҳеҷ чизи ғайритабиӣ нест, зеро миёни адабиёт ва зиндагӣ ҳеҷ вақт девор набуду нест. Вале дар ин ҳол бояд равиши дурусти шинохти адабиёт ва қиёси онро ба зиндагӣ муайян кард, махсусияти зебошинохтии он инро тақозо мекунад.
Солҳои тўлонӣ таҳлили адабиёт дар мактабҳои мо ба усули таҳлили иҷтимоигаро асос ёфта буд. Дар ин замина савияи ҳунарии осори бадеӣ фуругузор мешуд. Осоре, ки ба сиёсати иҷтимоӣ арҷ мегузошт ё онро таблиғ мекард, арзишманд ҳисобида шуда, ба савияи бадеӣ ва ҳунарии он кам эътибор дода мешуд. Бинобар ин ҳам таълими адабиёт дар мактабҳои мо ҳамранги омўзиши дарсҳои иҷтимоиёт сурат мегирифт.

пешина
аз 344
навбатӣ