Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар шароити имрўзаи таълими ин фан, ба хусус дар вақти таҳлили асари бадеӣ савияи бадеӣ ва мавқеияти ҳунари шоиру нависанда бояд дар зинаи аввал бошад.
Агар асари бадеӣ аз рўи мундариҷа ваҳдати инъикоси воқеияти зиндагӣ ва мавқеияти муаллиф ба он бошад, дар ин сурат шакли асар хусусияти тимсолӣ ва зебошинохтӣ мегирад. Фарқи адабиёт аз дигар намудҳои тафаккури иҷтимоӣ дар он аст, ки адабиёт зиндагиро ба сурати тимсолҳо таҷассум мекунад. Ба ифодаи дигар, ҳамон ашё, ҳодисаҳои мушаххасро истифода мекунад, ки дар шакли худ умумият ёфтаанд. Образҳои адабиёт бештар хусусияти тасвирию намоишӣ доранд, ба онҳо на қатъияти мантиқӣ, балки ҳадафи мушаххаси ҳиссӣ хос аст.
Образнокӣ (тимсоли чизе будан) асоси бадеиятро {ам аз нигоҳи санъат ва ҳам ҳунар такшил медиҳад. Маҳз ба шарофати табиати тимсолиаш асари бадеӣ дастоварди ахлоқӣ ва арзиши зебошинохтӣ дорад.
Аз ҳамин сабаб, мавқеияти омўзгор дар вақти таҳлили асари бадеӣ хусусияти ягонагӣ, тамомият ва мустақилияти осори бадеиро таъйид карда, муҳимтарин фазилатҳои онро бояд ташхис диҳад.
Муаллим бояд хонандаашро муътақид карда тавонад, ки асари бадеие, ки шоир ё нависанда офаридааст, дар оянда соҳибияташро пайдо карда, таъсиргузор ба зиндагӣ бошад.
Ба ифодаи дигар, зиндагии нисбатан мустақилонаи он оғоз гардида, дар ин замина вазифаи муайянро ба ҷо орад.
Дар ин замина муҳимтарини ин вазифаҳоро тафсир бояд кард.
Асари бадеӣ «китоби зиндагист», яъне аз ягон ҷиҳат зиндагиро тавзеҳ дода, вазифаи маърифатӣ ва донишандўзӣ дорад. Хонандагон дар ин ҳол метавонанд суол кунанд: ин вазифа ба адабиёт, санъат чӣ муносибат дорад, дар ҳоле ки илмҳое ҳастанд, ки вазифаи аслии онҳо донистани воқеияти атроф аст?

пешина
аз 344
навбатӣ