МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Муаллим бояд хонандаро бовар кунонад, ки адабиёт сурати хоси зиндагиро меомўзад, ки танҳо ба он дастрас аст ва ҳеҷ чизе ин вазифаи адабиётро иваз карда наметавонад. Агар илм ҷаҳонро дар алоҳидагӣ омўхта, паҳлуҳои гуногуни ҳодисаву воқеаҳоро кашф кунад, санъат ва адабиёт ҷаҳони яклухт ва таҳқиқнашавандаро меомўзад.
Бинобар ин ҳам мабдаъи омўзиши адабиёт гоҳо бо мабдаъи омўзиши илмҳои дигар, аз ҷумла таърих, фалсафа, равоншиносӣ ва ғайра мувофиқ меояд, вале ҳеҷ гоҳ якҷоя намешавад. Қазовати ҳамаи паҳлуҳои зиндагӣ чун воҳиди ягона хоси адабиёт ва санъат мебошад. Адабиёт шакли табии зиндагиро ба мо менамоёнад. Дар ин ҳол адабиёт ба ҳастии ҳамарўзаи инсон сару кор дорад, ки хурду бузург, қонунию тасодуфӣ, азоби равонӣ ва тугмаи афтида ба ҳам омадаанд.
Илм наметавонад мақсад гузорад, ки зиндагиро бо тамоми фарозу фурудаш биомўзад, вай бояд майдакориҳоро фурў гузорад, аз тасодуфҳо гузар кунад, то ки умумиятро кашф кунад. Вале зиндагӣ ба шинохти хусусияти хоси худ эҳтиёҷ дорад, ки ин корро адабиёт ва санъат бар ўҳда гирифтаанд.
Ба ин далел мундариҷаи адабиёт ҳамон чизест, ки инсон дар зиндагии воқеӣ бо он рўбарў мешавад.
Вазифаи дигари асари бадеӣ арзёбии ҳодисаҳои зиндагист. Нависанда ё шоир ин ё он ҳаводиси зиндагиро тасвир карда, табиист, ки ба наҳве онро арзёбӣ мекунад. Аз ин нуқтаи назар асари бадеӣ аз ҳисси шавқмандӣ ва масъулиятшиносии муаллиф саршор буда, таъкид, тасдиқ рад ва арзёбии он мебошад.
Асоси вазифаи маърифатии арҷгузории осори бадеиро ҳадафи сеюми он - тарбиявӣ бар ўҳда дорад. Дар масъалаи тафсир ва арзёбии мақоми тарбиявии осори бадеӣ таъкиди муаллим бояд бар он устувор гардад, ки асари бадеӣ ҳаётро меомўзад, қаҳрамонро пайравӣ мекунад, инсонро ба ин ё он кори аниқ илҳом мебахшад. Вале арзиши тарбиявии адабиёт фақат бо ин маҳдуд намешавад. Балки адабиёти бадеӣ шахсияти инсонро камол бахшида, ба низоми арзишҳои ў таъсир мегузорад, ба ў оҳиста-оҳиста фикр ва ҳис карданро меомўзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё