МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Муаллим бинишу омўзиши асари бадеиро бо вохўрии одами хуб, доно ва ҷасур метавонад муқоиса кунад.
Дар дарси адабиёт таҳлили асар ва матнҳои бадеӣ ҷиҳати дарки ғояи асар мусоидат менамоянд. Таҳлили матн ва ё пораи асари бадеӣ аз намуди асосии машғулияти дарси адабиёт буда, дар инкишофи тафаккуру шуур, эҳсоси афкори адабию эстетикӣ, малакаву маҳорати хониш, инкишофи нутқи хаттию даҳонӣ ва банақшагирии фаъолият ёрӣ мерасонад.
Усул ва роҳҳои таҳлил ба хусусияти асари бадеӣ ва принсипҳои муайян такя дорад. Ҳангоми таҳлили асари бадеӣ ва ё порчаҳои ҷудогонаи он ба макон ва қаринаи даврони таърихӣ, ҷаҳонбинӣ ва нуқтаи назари адиб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бояд талаботи рўҳия ва набзи замонро ба эътибор гирифт. Ҳар як асари бадеӣ баёнгари ҳодиса, шароит ва чузъиёти давраи муайяни таърихӣ аст ва мавзўъ, ғоя ва воқеаҳои тасвиршаванда маҳсули он замон мебошанд.
Таҳлили асари бадеӣ вобаста ба намуд, жанр, хусусияти асар ва зинаҳои таълим муайян карда мешавад. Асарҳое, ки аз чиҳати жанр бо ҳам қаробат доранд, эҳтимол усулҳои гуногуни таҳлилро истифода баранд. Ҳангоми таҳлили асари бадеӣ талаботи замон, афкору андешаи қаҳрамон, моҳияти характер ва ҷаҳонбинии адиб ва қаҳрамон баррасӣ мегардад.
Таҳлили асари бадеӣ дар асоси нақшаи умумиятдодашуда низ сурат мегирад, ки дар он шароити таърихӣ, симоҳои асар, истифодаи воситаҳои тасвир, баён, сохт ва банду басти асар, забон ва услуби нависанда, маҳорат ва дастоварди эҷодӣ равшан мегардад.
Дар таъин намудани қимати ғоявию бадеии асар масъалаи тасвири воқеияти зиндагӣ, ҳақиқати ҳаёт ва шароити замони таърихии инъикосёфта мавқеи муҳим дорад. Адиб тавассути тасвири манзараҳои табиат, ашёҳо ва ҳодисаву воқеаҳо симои қаҳрамонон ва персонажҳои асари бадеиро дар ҳамбастагӣ бо чаҳонбинӣ ва биниши эҷодӣ меофарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё