Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кардани мақсади ғоявии шоир мувофиқ буданд. Зимни ин лавҳа муаллим бояд диққати хонандагонро ба замони таълифи достон ва нақши идеологии давр дар тафаккури бадеии насли адибони он замон то ҷое шарҳ диҳад. Ин корро ў метавонад дар сухани раҳнамо низ анҷом диҳад. Сухани раҳнамо, хониши муассири муаллим ва таҳлили шеър бояд ба хонандагон андешаеро бедор намояд, ки дўстиву бародарии инсонҳо сарҳади вақту фазоро намешиносад.
Муаллим дар мисоли ин пораи шеъри Муъмин Қаноат метавонад дар хонандагон итминон пайдо кунонад, ки бо афзоиши андеша дар шеър силсилаи афкор пайдо шуд. Яъне андешаҳои мураккаби пай дар ҳам, андешапарварии пурҳиссиёт, ки аксаран муҳтавои иҷтимоӣ ва гоҳ мазмуни фалсафӣ дошт, ривоҷ ёфт. Қаҳрамони ғиноӣ (лирикӣ)-и шеър дар сари мушкилтарин ва дардноктарин масъалаҳои зиндагӣ бо изтироб андеша меронд. Андеша дигар ба диди синфӣ маҳдуд набуд, на фақат ба синфиятгароӣ, ки нисбатан коҳиш меёфт, балки бар чашмандози густурдатаре арзишҳои башариро ҳар чи бештар дар бар меоварад, бунёд меёфт.
Шеъри Муъмин Қаноат, аз ҷумла пораи «Мавҷҳои бародарӣ» аз ин ҳодиса ҷудо нест.
Дар ин замина муаллим метавонад ин шеърро бо шеърҳои дигаре, ки дар мавзўи дўстию бародарии башарӣ гуфта шудаанд, бо ҳам муқоиса кунад. Дар ин роҳ андешаи зерини адабиётшиноси рус В.М. Жирмунскийро метавон маҳак қарор дод:
-Муқоиса махсусияти ҳодисаи омўхташавандаро (фардӣ, миллӣ, таърихӣ) нобуд намесозад, балки баръакс, фақат бо ёрии қиёс метавон муайян кард, ки сирри ин муваффақият
1 чист.

1 Жирмунский В. М. Проблемы сравнительного изучение литератур – Дар китоби Взаимосвязи и взаимодействие националных литератур. М. 1961, стр.
52-53.

пешина
аз 344
навбатӣ