Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муқоисаи асарро ба хонандагон ёд дода, мо бо ин ба онҳо ёрӣ мерасонем, ки ба ҷаҳони ҳиссу андешаи муаллиф амиқтар сар фурў бурда, ҳамзамон усули таҳқиқ ва таҳлили асари бадеиро аз худ кунанд. Қиёс монандиҳо ва тафовути асарҳои ҷудогонаро ба хонанда менамоёнад. Усули таҳлили қиёсиро аз шеърҳое бояд оғоз кард, ки аз рўи мавзўъ, ғоя ва оҳанги бадеӣ ба ҳам қаробат доранд. Қиёс ва татбиқи асарҳое мувофиқи мақсад аст, ки ба тақозои барнома бошанд ва хонандагон ба онҳо хуб ошно бошанд. Масалан, ҳангоми омўхтан ва таҳлили шеъри Лоиқ Шералӣ «Ба модарам» онро бо шеърҳои Эраҷ Мирзо «Қадри модар» ва Халилуллоҳи Халилӣ «Ҳадя ба модарон» метавон муқоиса кард. Ин қиёс бояд умумиятҳо ва тафовутҳои ғоявӣ ва ҳунарии шеъри шоиронро ошкор намояд. Ин усулро ҳангоми омўзиши шеъри классикӣ, ба хусус, ашъори панду ахлоқӣ низ метавон фаровон истифода кард ва бо ин роҳ таваҷҷуҳи хонандагонро фаъол сохта, ба таъсири шеър ба ҳиссу идроки онҳо мусоидат кард. Барои он ки қиёс ба ошкор сохтани ҳунари бадеӣ ва махсусияти забонии шеъри шоирон мусоидат намояд, матни асарҳои муқоисашавандаро барои мушоҳидаи мустақилонаи забони асарҳо ба хонанда додан ба мақсад мувофи аст. Маводро барои қиёс ва татбиқ тавре интихоб кардан лозим аст, ки ба хонанда мувофиқ бошад, ба имконият ва қобилияти ў созгор бошад.
Усули қиёс ва татбиқ диққати хонандагонро ба алфоз фаъол сохта, неруи таъсири асари омўхташавандаро амиқ месозад ва барои фаъолияти мустақилона ба хонанда фазои муносиб ба вуҷуд меоварад.
Дар ҷараёни омўзиши асари манзум таҳлили забон арзиши аввал дорад. Таҳлили забони шеър дар вақти омўзиш (хондан)-и шеър гузаронида мешавад. Вале давраҳои омўзиш низ ба забони асар муносибати гуногунро тақозо мекунанд.
Агар сухани роҳнамо, хониши муассир ва омили ошкор сохтани мундариҷаи ғоявию бадеӣ афзалият диҳад, машқҳои луғавию таъбиротӣ забони хонандагонро ғанӣ месозад.

пешина
аз 344
навбатӣ