Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Таҳлили забон бояд ба хонандагон собит созад, ки забон омили бунёди образ (нақш)-и шоирона аст. Дар ин сурат мақоми забоншинохтии калима ба ҷои аввал гузошта мешавад, арзиши ғоявию бадеиро воситаҳои ҷудогонаи забон ошкор мешавад. Хонандагон сермаъноӣ ва тобишҳои гуногуни алфози шоиронаро дар матни бадеӣ дарк менамоянд.
Дар таҷрибаи омўзгорони мо аксаран таҳлили забони шеър сохта буда, ба шарҳи калимаҳои нофаҳмо ва таҳлили калимаву ифодаҳои образнок тамом мешавад. Воситаҳои ҷудогонаи сохтани образҳои шоирона (таркибҳои шоирона) аз мундариҷаи ғоявию бадеӣ ҷудо омўхта мешаванд. Ба ифодаи дигар, ба таври сунъӣ калимаҳоро аз матн ҷудо карда, шарҳ медиҳанд, ки муфид нест. Таҳлили забони шеър бояд ба дарки ғановати ғоявию ҳиссии асар мусоидат намояд. Ҳодисаҳои забонро «ба қайд» гирифтан лозим нест, онҳоро бояд дарк кард.
Хонандагонро бояд бовар кунонд, ки фақат маҷоз омили асосии бадеият нест. Дар ифодаи маъниву эҳсосоти шоир интихоби алфози возеҳ, аниқ ва лозимӣ мавқеи муҳим дорад.
Шоир агар тавоно бошад, ба калимаҳои одӣ рўҳу тавони зистан мебахшад, эҳсоси амиқи инсонро дар он меғунҷонад.
Барои мисол шеъри «Баччагӣ»-и Лоиқро мегирем.
Адабиётшинос Аскар Ҳакимов ин шеърро «аз шеърҳои комили» Лоиқ медонад ва таъкид меварзад, ки «ҳамаи маънию ҳиссиёт ва образҳои ин шеър аз ҷаҳони баччагианд, яъне шакл аз мавзўъ бегонагӣ надорад. Ҷаҳони гузарони баччагӣ равшану дилкушост. Таассуроти шоир ҳам сабукболу парвозист. Суханҳо нарму рехта, ҳарфи зиёдатию номафҳуме нест…»1 Муаллим метавонад ба бачагон тавсия диҳад, ки шеъри «Баччагӣ»-ро дар дарси амалӣ хонанд ва таҳлил кунанд. Дар вақти таҳлил ба хусусиятҳои забонии шеър ва ифодаҳои образноки забонӣ эътибор диҳанд.

пешина
аз 344
навбатӣ