МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Баччагиям бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хўшачиниҳо гузашт,
Доманаш аз хўша пур аз домани саҳро гузашт…
Замони гузарони баччагиро шоир бо калимаҳои содаи «баччагӣ», «дарав», «доман», «хўша», «саҳро» зебову шоирона ифода кардааст.Таҳлили дуруст ва нозук ба хонанда ёд медиҳад, ки ҳангоми хондан дар паси ҳар калима маънӣ ва ҳиссиёти бузургро ҳис кунанду бинад. Дар ин радиф дар ҳақиқатшоирон фазои беохиранд, ҳар калима монанди шоир бекарон аст.
Яке аз воситаҳое, ки кори муаллимро самарабахш месозад, истифода аз тадқиқоти матншиносӣ мебошад.
Масалан, ҳангоми таҳлили «Мавҷҳои бародарӣ»-и Муъмин Қаноат мақолаи А. Кўчаровро оид ба такмили матни осори шоир аз маҷмўа то ба маҷмўа метавон истифода кард. Сабақи ин дарс дар он аст, ки хонандагон дарк мекунанд, ки шоир чӣ гуна дар истифодаи калимаҳо серталаб аст. Ҳамин гуна таҳрири такмилро дар мисоли шеъри «Ба модарам»-и Лоиқ низ метавон татбиқ кард. Бо ҳамин усул хонандагон ба фаҳмида хондан, ба забони асар ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Саволу супориш:
- Лирика дар адабиётшиносӣ чӣ маъно дорад?
- Жанри лирика (ғиноӣ) чиро дар бар мегирад?
- Омили бунёди шеър ва каломи мавзун кадом аст?
- Санъатҳои маънавӣ кадомҳоянд?
- Шартҳои шинохти шеър ва дарёфти маънӣ кадомҳоянд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё