МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Вай нафақат кўшиш мекунад донад, ки бо қаҳрамони дўстоштааш чӣ рух дод, балки мехоҳад муносибаташро бо ҳаводиси рухдода муайян созад. Бинобар ин, ҷанбаи таҳлилро, ки ғояи асосии асарро мекушояд ва ба фаҳми хонанда наздик буда, бо ҷаҳони маънавияш ҳамоҳанг аст, дарёфтан муҳим аст.
Таҳлили дурусти асари бадеии хондашуда ба инкишофи гуфтори хонандагон мусоидат менамояд. Агар ҳангоми хондан нутқи тавсиявиро хонандагон дунбол кунанд, дар вақти таҳлил гуфтори онҳо такмил меёбад, андешаи онҳоро фаъол месозад.
Усули таҳлил бо назардошти як қатор қисматҳо амалӣ мешавад, ки ҳамоиши онҳо хусусияти ин ва ё он мавзўи монографӣ ва ё обзории ин ва ё он асари бадеиро муайян менамояд.
Ҳангоми таҳлили асари бадеӣ ҳолатҳои зеринро бояд дар назар дошт:
- Шароити таърихӣ ва мушкилоти асосии ҷомеъаро, ки дар асар таҷассум ёфтаанд.
- Ақида ва мавқеи адибро дар ҷомеа, таҷассуми онро дар эҷодиёташ ва асаре, ки мавриди таҳлил аст.
- Мавзўъ ва самти ғоявии асар.
- Қаҳрамонони асосӣ ва мавқеи онҳо дар ҳалли мушкилоти бадеии асар.
- Созмони (композитсияи) асар ва махсусияти он.
Махсусияти созмон барои ошкор намудани хислати қаҳрамонон ва ҳадафи ғоявии асар то куҷо ёрӣ мерасонад. - Забони нависанда чун воситаи ошкор сохтани моҳияти нақшҳо: махсусияти луғавӣ, поэтикаи наҳвӣ, вазн, оҳанг ва ғайра.
- Махсусияти жанрии асар.
- Мақом ва рисолати нависанда барои замон ва наслҳои ояндасози ҷомеаи мутамаддин.
Табиист, ки дар вақти таҳлили асари бадеӣ ҳамаи ин қисматҳоро истифода кардан душвор аст. Илова ба ин таҳлили асари бадеии манзум бархўрди хосро тақозо мекунад, ки оид ба ин масъала қисман дар боби нақди шеъри лирикӣ сухан меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё