Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қасди сарманзили маъшуқ намуд,
Дили модар ба кафаш чун норанг.
Аз қазо хўрд дами дар ба замин,
В-андаке суда шуд ўро оранг.
В-он дили гарм, ки ҷон дошт ҳанўз,
Уфтод аз кафи он бефарҳанг.
Аз замин боз чу бархост, намуд
Пайи бардоштани он оҳанг.
Дид, к-аз он дили оғўшта ба ху,
Ояд оҳиста бурун ин оҳанг:
«Оҳ, дасти писарам ёфт харош!
Оҳ, пои писарам хўрд ба санг!»

Дар «Қалби модар» ҳеҷ асаре аз тарҷума намоён нест ва чандон аз фитрати шеъри форсӣ бархурдор аст, ки агар хонанда аз собиқаи мавзўъ хабар надошта бошад, ҳеҷ тасаввури тарҷума наметавонад кард.
6.4. ТАЪЛИМИ ЖАНРҲОИ ФОЛКЛОРӢ
Эҷодиёти даҳонакии халқ, ё фолклор, дар ҳақиқат, “нахустунсури адабиёт” буда, аз замонҳои қадим инъикоскунандаи сарнавишти таърихии халқ , ормонҳои зиндагӣ ва бақои умри ӯст. Бузургӣ ва аҳамиятнокии эҷодиёти даҳонакии халқро А.М. Горкий баҳо дода, чунин таъкид кардааст:
“ Халқ на танҳо қувваест, ки ҳамаи ганҷҳои моддиро ба вуҷуд меоварад, балки вай ягона манбаи бепоёни ганҷҳои маънавӣ, нахустин философ, шоири закӣ ва зебои замон аст, ки ҳамаи достонҳои бузург , тамоми фоҷиаҳои рӯи замин ва бузургтарин асарҳои таърихи маданияти оламро
1 офаридааст”.
Тавассути фолклор расму ойин, урфу одат, асолат ва хусусияти забон, анъана ва суннатҳои халқӣ ҳифз гардида,

Горкий А.М. О литературе. М., 1961, стр.20 воситаи муҳими тарбиявию ахлоқӣ ва меросбарии наслҳоро таъмин менамояд.

пешина
аз 344
навбатӣ