МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Омӯзиши асарҳои фолклорӣ, мундариҷаи ғоявӣ, сюжет ва симоҳои ҷовидонаи эҷодиёти даҳонакии халқ бо ифода ва ормонҳои халқӣ мутаассил ба ҳаёту таърихи халқ пайванди нагусастанӣ дошта, дар ташаккул ва равнақи адабиёт нақши созанда ва бунёдкор дорад.
Омӯзиши намуд ва намунаҳои эҷодиёти даҳонакии халқ ба хонандагони хурдсол аз оила ва боғча оғоз ёфта, дар зинаҳои ибтидоии таҳсил бештар гардида, аз синфи 5 то 11 равнақу ривоҷ меёбад ва устувор мегардад. Хонандагон дар ин давраҳо ба суруду тарона, рубоӣ, дубайтӣ, чистон, афсона, тезгӯяк, қисса, достон ва монанди инҳо на танҳо шинос мегарданд, балки бо хаёлпардозӣ андешаҳои эҷодкорӣ низ мекунанд. Онҳо ба мероси маънавии халқ аз наздик шинос шуда, онро бо шавқ омӯхта, тавассути раҳнамоии омӯзгор ва волидон симо ва жанрҳои фолклориро аз худ менамоянд.
Ҷараёни ҳодисаву воқеаҳоро эҳсос намуда, ҳамрозу ҳаммаслаки қаҳрамонони халқӣ гардида, ба характер ва рафтору гуфтори онҳо унс мегиранд. Симоҳои манфур ва зишт, бадахлоқӣ, худписандӣ, зиёнкорӣ ва ҷаҳолатро мазаммат намуда, далерию шуоатмандӣ,некиву накӯкорӣ ва ростгӯию ростқавлиро ситоиш ва пуштибонӣ менамоянд.
Бинобар ин, мақом ва нақши омӯзгор дар омӯзиш ва азхудкунии жанрҳои фолклорӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Таълими жанрҳои фолклорӣ ба тарзи ҷудогона ва муназзам аз синфи 5 оғоз меёбад. Бинобар ин, омӯзгор аз нахустин дарси ба намунаҳои эҷодиёти даҳонакии халқ бахшида шуда, ба моҳият, ғоя, сюжету образҳои фолклор, нақш ва мавқеи таъсирпазирии онҳо маълумот диҳад, то ин ки ба инкишофи фикрии хонандагон бештар имконият пайдо намояд. Дарси нахустинро мебояд аз фаҳмиши санҷиши донишҳои қаблан ҳосилнамудаи хонандагон оғоз намояд ва тавассути усули суҳбат ва саволу ҷавоб хонандагонро ба андешаронӣ раҳнамо созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё