МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданБинобар ин, пеш аз баёни афсонаи «Эраҷи тилисмшикан»
омодагии хонандагонро бо саволҳои зерин санҷидан мумкин аст:
- Афсона чӣ гуна жанр аст ва чанд хел мешавад?
- Кӣ кадом афсонаро дӯст медорад ва барои чӣ?
-Афсонаҳои сеҳрангезро номбар кунед.
-Афсона чӣ хусусият дорад ва чанд хел мешавад?
Ҳангоми таълими афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» беш аз ҳама ба чиҳати тарбиявии он эътибор бояд дод, зеро дар афсонаи мазкур фаҳмиши барои инсон муқаррарии ватандорӣ, шуҷоату далерӣ ва ҳифзи шараф бо ҳам омадааст. Эраҷ тимсоли шуҷоату далерӣ ва поймардӣ дар роҳи ҳимояи ватан аст. Пирамард рамзи хиради раҳнамо ва ҷовидона буда, симо ва сиришти девон намоёнгари бадӣ ва разолату қабоҳат аст. Дар афсона ҳиссиёти дўстдорӣ ва муҳаббати халқи одӣ ба Эраҷ хеле амиқ ифода шудааст. Чаро? Барои он ки Эраҷ ҳушманд, далер, баномус, фидокор, собитқадам ва наҷотбахш аст.
Ин афсона дар хонандагон нерўи маънавӣ ва рўҳониеро мепарварад, ки ба ёрии он онҳо метавонанд дар баробари хатарҳо ва шикастҳо пойдор бимонанд. Натиҷаи заҳмати муаллим дар таълими ин ва афсонаҳои баъдӣ ба он вобастааст, ки хонанда аз дарки он чӣ гуна нируи маънавӣ ва рўҳонӣ мегирад. Оё пас аз хондану донистани он афсона наврасон ба сафо ва рўшании ботинии қаҳрамонони афсона пай мебаранд ё на? Муҳимтар аз ин онҳо бо ёрии ин нирўи маънавию рўҳонӣ метавонанд бо бадиҳову палидиҳо биҷанганд ва бар он ғолиб оянд. Ин нирўи маънавию ахлоқӣ дар зиндагии шахсии онҳо чӣ гуна корбаст хоҳад шуд?
Ин афсона аз намунаҳои он осори нодири адабист, ки ниёзи хонандагонро ба шоистагӣ ва короӣ комилан қонеъ месозад.
Талоши кўдак барои шоиста ва коромад будан аз солҳои нахустини зиндагӣ оғоз мешавад. Дар аввал ба сурати таҷрибае, ки кўдак аз роҳи ҳисси биноӣ ба даст меоварад, монанди хазидан ва чанг задан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё