Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз ба камол расидан ба сурати короиҳои ҷисмӣ ва фикрӣ, монанди короиҳо дар бозиҳо ва ҳаракати варзишӣ ва ғайра падидор мешавад. Эраҷ дар ин афсона аз ҳар ҷиҳат тимсоли инсони шоиста ва коромад мебошад. Вай бе ёрии дигарон шоистагӣ, коромадӣ ва ниҳоят шуҷоату қаҳрамонии худро собит месозад. Аз ин ҷиҳат вай ба хонанда мақбул аст.
Эраҷ қаҳрамонест, ки бар сифати некуниҳоде чун тарс, танбалӣ, гурез аз масъулият ғолиб меояд. Аз ин ҷиҳат онҳое, ки осоиши худро фидои ҳадафе бузург мекунанд, на фақат хонандаи ҷавонро бармеангезанд, ки барояшон ҳадафҳои олӣ баргузинанд, балки сабаб мешаванд, ки онон ба худхоҳиҳо ва саҳлангориҳо низ ғолиб оянд.
Бо ҳамин гузориш муаллим пурсишашро дар ҳамон қисматҳои афсона мутамарказ месозад, ки заминаҳои худшиносӣ ва ниёзмандиҳои Эраҷ ба шоиставу коромад будан шурўъ мешавад. Хонандагон шояд аз афсонаҳои дигари ба ин монанд сарнавиштҳо ва тимсолҳоро ба ёд оваранд. Баъд муаллим таваҷҷуҳи хонандагонро ба муносибати Эраҷ бо одамон, модар ва шурўи камоли инсонии ў (андеша аз сарнавишти падар ва ғайра) ҷалб намуда, ба воситаи суҳбат хислати қаҳрамононро муайян менамояд. Ғояи мазмуни афсонаро фаҳмида, мо афсонаро пурра нақл мекунем ва ин корро нафаре аз хонандагон метавонад анҷом диҳад.
Дар хона хонандагон афсонаҳои «Духтари ҷасур», «Деҳқон ва кўзаи зар»-ро мехонанд. Дар ин афсонаҳо низ хислатҳои неки инсонӣ, накукориву зиракӣ ва шафқату раҳмдилӣ онҳоро гирифтор медорад. Дар синф муаллим мазмуни афсонаҳоро аз хонандагон мепурсад ва аҳли синф афсонаро аз худ менамоянд ва он суҳбати муаллимро оид ба афсона такмил ва шакл медиҳад.
Муаллим дар вақти таълими афсонаи «Эраҷи тилисмшикан»
нусхаи суҳбати зеринро низ метавонад истифода кунад:
Гуфтугўро дар боби ин афсона сар мекунем. Ҳар ду қисми афсона бояд мавриди суҳбат ва суолу ҷавоб қарор гиранд. Дар ин маврид аз чунин пурсишҳо метавон истифода бурд:

пешина
аз 344
навбатӣ