Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҳол имкон дорад, ки нафаре аз бачаҳо на оид ба меҳнати шарофатмандона, балки дар бораи танбалу коргурез ва ё масъалаи дигар мисол мезананд. Он вақт ин зарбулмасал ё мақолро низ бояд таҳлил кард ва шарҳ дод. Хонанда бояд дарк кунад, ки дар ин мисолҳо дар бораи чӣ гуна одамон сухан меравад.
Баъд муаллим дар бораи қадри ҳунар зарбулмасал ё мақол мегўяд: «Аз зари падар ҳунар беҳтар». Бачаҳо онро такрор карда, маъниашро мегўянд. Муаллим аз хонандагон талаб мекунад, ки чунин мақолро дар кадом маврид метавон гуфт. Имкон дорад, ки хонандагон ҷавоб дода натавонанд ва худи муаллим чунин ҳикоятеро оғоз кунад:
«Суқрот гуфт, ки ҳеҷ ганҷе беҳ аз ҳунар нест ва ҳеҷ душман бадтар аз хўи бад нест ва ҳеҷ чизе бузургвортар аз дониш нест ва ҳеҷ пирояе беҳтар аз шарм нест…»
Муаллим дар ҳамин ҷо сукут карда, аз хонандагон тақозо мекунад, ки мавзўъро давом диҳанд. Яке аз хонандагон мегўяд: - Одами беҳунар – дарахти бесамар.
Сипас зарбулмасалу мақолҳо дар мавзўи дониш ба хонандагон пешниҳод мешавад. Ҳар кадоме аз онҳо такрор ва маънидод карда мешавад.
Муаллим зарбулмасали сеюмро такрор мекунад: - Илм хоҳӣ, такрор кун.

  • Бибии ман доим ҳамин хел мегўянд, - садои кадоме аз хонандагон шунида мешавад.
  • Чаро он кас ба ту чунин гуфтанд?
    -Ман вазифаи хонагиро як бор мехондам, он кас ба ман нигариста чунин мегуфтанд.
    Зарбулмасалу мақолҳои дигар низ дар бораи илму дониш гуфта мешаванд.
    Муаллим ба аҳли синф муроҷиат мекунад:
  • Мо дар бораи чӣ гуна дониш сухан мегўем?
    Бачаҳо ба тақозои вазъу ҳолашон бояд чизе бигўянд. Дар ин равиш зарбулмасалу мақолҳои дигари ба он мавзўъ алоқаманд гуфта мешаванд.
пешина
аз 344
навбатӣ