Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо ҳамин тартиб нимаи дуюми дарс низ доир ба зарбулмасалу мақолҳое, ки дар мавзўи одаму одамгарӣ гуфта шудаанд, идома меёбад.
Муаллим яке аз зарбулмасалҳо ё мақоли варақаро мехонад, хонандагон аз рўи варақаи худ давомашро мехонанд. Зарбулмасалу мақолҳо хонда ва шарҳ дода мешаванд. Мақоли «Аз одами мардумозор ҳама безор» хонда мешавад. Аҳли синф ба тақозои мазмуни он дар бораи одамоне сухан мегўянд, ки ахлоқи шоиста надоранд, мардумозору бадахлоқ ҳастанд.
Сипас, зарбулмасалу мақолҳо дар боби хоксорӣ, вафодорӣ, ватан, озодӣ, дўстӣ, адаб ва сухан хондаю таҳлил карда мешаванд.
Дар мисоли зарбулмасалу мақолҳои «Барф мераваду хунукиаш мемонад», «Падар розӣ, Худо розӣ», «То гўсолаҳо гов шаванд, ҷигарҳо хун шаванд» ва ғайра бисёрмаъноӣ ва тимсолҳои шартии онҳо, аз ҷумла, хусусияти истиоравиашонро мебояд шарҳ дод.
Бачаҳо аксаран баъзе зарбулмасалу мақолҳоро бо хости худ, ба таври худ шарҳ дода истифода мебаранд. Масалан, ба онҳо фаҳмондан лозим, ки ба маънои зоҳирии зарбулмасалҳои «Таги коса нимкоса», «Чўби мулоима кирм мехўрад», «Ҳофиз манаму бародарам мехонад», «Дуди хонаро равзан медонад» ва ғайра пойбанд намонанд.
Ҳамзамон маънии аслии ин зарбулмасалҳоро ба хонанда фаҳмондан зарур аст. Хусусиятҳои рамзии ифодаву таъбирҳоеро, ки дар зарбулмасалҳо ба маҷоз истифода шудаанд, ошкор бояд кард.
Ҳамзамон, бояд биандешем, ки дар ин дарс мо ба чӣ комёб шудем. Дар мисоли зарбулмасалу мақол дар бораи меҳнат, ҳунар, дониш, одаму одамгарӣ маълумот додем. Мо зарбулмасалу мақолҳоеро дар ихтиёри хонандагон гузоштем, ки онҳоро ба ёд гирифтанд ва дуруст хонданд. Мо ба онҳо пайвастани зарбулмасалу мақолро бо воқеияти зиндагӣ ёд додем. Ба хонандагон бисёрмаъноии зарбулмасалҳоро омўхта, пайванди онҳоро бо воқеиятҳои мушаххас нишон додем.

пешина
аз 344
навбатӣ