МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Бешубҳа, ин дарс барои равнақи фаҳмиши забондонӣ, инкишофи тафаккури бадеии хонандагон арзишманд хоҳад буд. Ба ҳамин монанд дарсро дар мавзўъҳои «Латифаҳо» ва «Нақлу ривоят» низ метавон гузаронд.
Муаллим ба ҷои хониши хонагӣ метавонад ба хонандагон супориш диҳад, ки зарбулмасал ва мақолҳои дилхоҳашонро навишта, аз рўи мавзўъ тавсиф кунанд.
Ташкил ва баргузории чунин дарсҳо дар синфи 5 мушкилоти зиёд дорад. Хонандагон ба саволҳо посух дода, хато мекунанд, маънии зарбулмасалу мақолҳоро нодуруст шарҳ медиҳанд, дар таҳияи мисолҳо низ душворӣ мекашанд.
Вале дар ҳар сурат чунин дарсҳо барои хонандагони синфҳои 5 ниҳоят заруранд. Ба воситаи чунин дарсҳо мантиқи сухану фаҳми онҳо инкишоф ёфта, аз таҷрибаи зиндагӣ бархурдор мешаванд, ҳикояти зинда ва образнокро ёд мегиранд. Муҳимтар аз ҳама, забондон мешаванд. Дар ҳақиқат, арзиши ахлоқӣ ва таълимии ин гуна дарсҳо бебаҳс аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё