Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарси аввал, нақшаи дарс: Суҳбати раҳнамо, Хондани бобҳои «Андар шинохти ҳаққи падару модар», «Андар фурўтанӣ ва афзунии ҳунар» ва «Одоби сухан гуфтан».
Суҳбат ва суолу ҷавоб, нақли мазмуни бобҳо. Шарҳи луғат.
Муаллим дар суҳбати раҳнамо дар бораи «Қобуснома» ва муаллифи он ба хонандагон маълумоти мухтасар медиҳад. Пас аз он ки дар ин зимн дар бораи адабиёт, аз ҷумла шеър ва насри ахлоқии гузашта, бо хонандагон суҳбат намуд, дониш ва ёфтаҳои пешинаи онҳоро ба ёдашон меоварад. Хонандагон аллакай дар синфи V бо мафҳумҳои панду ҳикмат ошно шуда, аз ҳикматҳои Луқмони ҳаким, ашъори ахлоқии Рўдакӣ, панду андарзҳои Абдуллоҳи Ансорӣ, аз ҷумла, рисолаҳои «Дилу ҷон», «Воридот» ва «Қаландарнома», ҳикоятҳои пурҳикмати «Гулистон»-и Саъдӣ ва ғайра огаҳ ҳастанд. Дар ин замина муаллим метавонад бо усули саволу ҷавоб зеҳни хонандагонро фаъол созад. Дониш ва тасаввуроти гурўҳе аз хонандагонро ба воситаи суолу ҷавоб ва гурўҳи дигарро ба пурсидани маводҳои азёд медонистаашон санҷад. Қитъаҳои ахлоқии Рўдакӣ, монанди «Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ». «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад», «Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир» ва ғайра, ки хонандагон дар синфи 5 омўхтаанд, метавонанд гиреҳкушои суҳбати баъдии муаллим бошанд.
Муаллим аввалан бояд бачаҳоро эътиқодманд созад, ки адабиёти гузаштаи мо мазҳари ҳикмат ва ахлоқ буда, ҳикоятҳо ва афсонаҳои ҳикматнок хонандаро ба роҳи камоли инсонӣ ҳидоят менамоянд.
Зимнан бояд ёдовар шуд, ки дар мавриди таълими адабиёти ахлоқӣ фикрҳои гуногун вуҷуд дорад. Гурўҳе ба панду насиҳат ва адабиёти ахлоқӣ хў гирифтани наврасонро зоеъ сохтани ҳувият ва иродаи устувори онҳо дониста, як навъ дар хўи ғуломию мутеъӣ тарбият намудан донистаанд.
Гурўҳи дигар панду насиҳат, умуман, адабиёти ахлоқиро воситаи беҳтарини тарбияи инсон маънидод намудаанд. Аз ҷумла, солҳои ҳаштоди асри гузашта шоир Ғаффор Мирзо ба муқобили равиши ахлоқии таълиму тарбия баромада, навишта буд, ки «панду насиҳати бевосита як вақт маъмул ва маъқул буд, барои он ки характери мардум, характери бачаҳо бо тазйиқи характери муносибатҳои ҷамъияти ғуломона мувофиқ буд.

пешина
аз 344
навбатӣ