МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хурд ба калон мебоист итоат кунад, хурд ба калон мебоист муқобил набарояд, гарчанде он калон ноҳақ бошад, нодуруст рафтор кунад. Камбағал мебоист аз ҷар парад, агар тавонгар инро раво бинад. Духтари чордаҳсола маҷбур буд ба пири ҳафтодсола ба шавҳар барояд, агар хости падари ў ҳамин мебуд. Ҷавонмарди ошиқ маҷбур буд оташи ишқи худро фурў нишонад, агар калонҳои хона ба ў мефармуданд».
Мутаассифона, назари Ғаффор Мирзо ба адабиёти ахлоқии мо ҳамин гуна буд. Баъдтар донишманди маъруфи адабиёт Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ ба Ғаффор Мирзо ҷавоб навишт, ки ҷавоби ў метавонад дар таълими ин мавзўъ барои омўзгор маҳак бошад. Ў менависад: «Мо ақида дорем, ки ба ин гуна эзоҳ асло розӣ шудан мумкин нест. Меҳри махсуси панду ҳикмат дар дили мардуми мо дар давоми ҷустуҷўи моҳияти ҳаёт ва оламу одам пайдо шуда буд.
Мардум натиҷаи ҳамон ҷустуҷўи маънавиро ба шакли панду ҳикмат ба наслҳои оянда талқин мекарданд…»
Охир, ба панду ҳикмат як назар андозед, панду ҳикмати классикон, масалан, Саъдиро як мутолиа кунед. Аз инҳо магар ҷилову дурахши ақлу заковати халқ намоён нест? Оре, он панду ҳикмат таҷассуми ақлу заковати халқи мост, на нишонаи ғуломии ў!
Вале таъсири судманди ин адабиёти ахлоқӣ ба зеҳн ва шууру рафтори хонанда, пеш аз ҳама, ба ҳунари муаллим вобаста мебошад. Таъсири ин адабиёт ва мақоми он дар дилу дидаи хонанда ба усули таълиме алоқаманд аст, ки муаллим бо он мусаллаҳ бошад. Воқеан ҳам усули хушки таълим ин навъи корсози адабиётро метавонад ба насиҳати хушку холии урён табдил диҳад ва онро ба хонанда як чизи нодаркор ҷилва диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё