Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллим бобҳои «Андар фурўтанӣ ва афзунии ҳунар» ва «Андар пешӣ ҷустан дар сухандонӣ»-ро барои дар хона хондан ба хонандагон супориш медиҳад.
«Қалби модар», он гуна ки Эраҷ онро пардохта, тамсилест бисёр гиро ва намудори ниҳояти дараҷаи ишқи модар ба фарзанд. Аммо ангезаи рафтори шигифтангезе низ аст, яъне неруи эъҷозофарин, ки аз ў чунин бадоее ба зуҳур тавонад расид.
Эраҷ низ чанд ҷо аз таъсири азими ин ангезаи камназир сухан гуфтааст, аз ҷумла, дар маснавии «Шоҳ ва ҷом», «Ҳадяи ишқ» ва амсоли он ва «Зўҳро ва Манучеҳр»-ро низ, ки тарҷумаест озод бо рўҳи эронӣ аз «Венус ва Адонус»-и Шекспир, бо ин ду байти пурмаънӣ ва машҳур поён додааст.

Оҳ, чӣ ғарқоби муҳибест ишқ!
Муҳлакаи пур зи ниҳебест ишқ!
Ғамзаи хубон дили олам шикаст,
Шердил аст, он ки аз ин ғамза раст!

«Қалби модар», ки ҳатто, дар мақоми муқоиса аз матни олмонии он қавитару зеботар аст, бегумон аз осори гаронқадру мондагори Эраҷ аст ва ҳамеша форсизабононе онро хоҳанд хонд ва такрор хоҳанд кард ва давомаш ҷовидонӣ хоҳад буд. То модару меҳри ў боқист, ёдгорест аз шоире, ба таъбири Яҳёи Ориёнпур, «бисёр тавоною бузург ва аз пешвоёни умдаи инқилоби содагўӣ» ва ё, ба қавли Саиди Нафисӣ, «ширинсухантарин шоири рўзгори мо».

пешина
аз 344
навбатӣ