Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

6.10. ТАЪЛИМИ ПОРЧАЕ АЗ ҲИКОЯИ
« БЎИ ҶЎЙИ МУЛИЁН »-И Р. ҲОДИЗОДА

Омўхтани сарватҳои маънавӣ, истифодаи мероси маданият, санъат ва адабиёт дар дарси адабиёт ҷойгоҳи намоён ва аҳамияти хос дорад. Ба таърих ва маданияти наслҳои гузашта назар дўхтан, унсурҳои пешқадам ва ғояҳои тарақипарвари онро истифода намудан барои инкишоф ва ғанӣ гардонидани боигариҳои маънавии инсоният кумаки беандоза мерасонад. Тавассути асарҳои бадеии таърихӣ хонандагон ба ҳаёти гузаштаи халқ ва қаҳрамонони он, ҳаёту фаъолияти ходимони барҷастаи ҷамъият, илм ва адабиёт аз наздик шинос мешаванд. Дар ин роҳ омўзиши асарҳои бадеии таърихие, ки образи адибони барҷаста тасвир ёфтааст, хело манфиатбахш аст.
Дар Барномаи такмилёфтаи забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ ба омўзиши асарҳои бадеии таърихӣ диққати махсус дода шудааст. Аз мушоҳидаҳои шахсӣ ва иштирок ба дарсҳои ҳамкасбон бармеояд, ки таълими асарҳои таърихӣ вазифаи басо душвор ва дар баробари ин масъулиятнок буда, аз омўзгорон дониши чуқур ва таҷрибаи ғании эҷодиро талаб менамояд. Дар як ё ду соати таълимӣ таҳлили чуқури асарҳои калонҳаҷми бадеии таърихӣ имконнопазир аст ва омўзиши ҳаматарафаи онҳо бештар барои хониши берун аз синфӣ тавсия мешавад. Соатҳои таълимие, ки ба таълими асарҳои бадеии таърихӣ ҷудо карда шудааст, бештар аз муайян кардани жанр, мавзўъ, ғояи асор ва роҳҳои истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ иборат буда, таҳлили эпизодҳои пурмазмун ва мушаххасро фаро мегирад.
Хонандагони синфи 7 ба ҳаёт ва афкори панду ақлоқии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ аз синфҳои поён шинос мебошанд. Барои омўзиши ҳаёт ва фаъолияти адабии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар барномаи такмилёфтаи синфи ҳафтум 3 соат ҷудо карда шудааст.
Фарқият аз барномаи таълимии пештара илова шудани омўзиши порча аз ҳикояи Р. Ҳодизода «Бўи ҷўи Мулиён» аст, ки аҳамияти муҳими тарбиявӣ ва ватандўстӣ дорад. Ба таҳлили порчаи ҳикояи мазкур зарур аст, ки як соати таълимӣ ҷудо намоем. Муаллим вазифадор аст, ки то таълими ҳикояи мазкур хонандагонро мухтасар бо ҳаёту фаъолияти шоир шиносонда, ба таҳлили порчаҳои шеърӣ сафарбар намояд. Ҳамчунин, тавсия намояд, ки як қисми супориши вазифаи хонагӣ мустақилона хондани порчаи ҳикояи мазкур мебошад. Ин пеш аз ҳама ба пайдо намудани донишҳои муқаддимавии дарс кумак мерасонад. Ба ин восита муаллим метавонад ба таҳлилу муҳокимаи воқеа ва ҳодисаҳои тасвиршуда бештар эътибор диҳад.
Пас аз пурсиши вазифаи хонагӣ такрору ҷамъбасти дарси гузашта ёдрас намудани фаъолияти эҷодӣ, зисту зиндагонӣ ва афкори пурмазмуни шоир мувофиқи мақсад мебошад.
Баёни мавзўи навро мо пешакӣ ба чор бахш ҷудо мекунем.
Бахши аввали дарс: Дар тахтаи синф симои мутафаккиронаи Рўдакӣ ва сурати манзаравии мақбараи Исмоили Сомонӣ намудор аст.

пешина
аз 344
навбатӣ