МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳаким « Бўи ҷўи Мулиён , ё боди Ҷўи Мўлиён » («Адабиёт ва санъат» 24 ноябри соли 1985), А.Абдуллоев «Албатта, бўи ҷўи Мулиён» («Адабиёт ва санъат»,
16 майи 1985), Ҷ. Гиунашвили « Як байти устод Рўдакӣ»
(маҷаллаи « Садои Шарқ », 1983, № 9, саҳ. 120-124) ва китоби « 1000 мисраи Рўдакӣ » (Душанбе, Ирфон, 1984) хеле манфиатбахш аст.
Танҳо дар ҳамин сурат таҳлили ҳамаҷонибаи ҳикояи мазкур ва мақсади ғоявии нависанда кушода шуда, ба хонанда таассуроти амиқ боқӣ мегузорад.
БОБИ 7
МАХСУСИЯТ ВА УСУЛИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТ
ДАР СИНФҲОИ 8-11
Дарси адабиёт дар синфҳои болоӣ (8-11) бо таълими мавзўъҳои обзорӣ шурўъ мешавад. Табиист, ки ҳамаи марҳилаҳои таърихи инкишофи адабиёт бо ҳамин мавзўъҳо оғоз ёфта, бо хулосаҳои обзорӣ ба анҷом мерасанд. Аз ин ҷиҳат яқин аст, ки самараи ниҳоии таълими дарси таърихи адабиёт аз бисёр ҷиҳат ба савия ва сатҳи гузаронидани ин дарсҳо вобаста аст. Дар ин зинаи таҳсил хонандагон бо марҳилаҳои асосии рушди адабиёт, осори муҳимтарин намояндагони адабиёт ба таври пурраву мукаммал ошно мешаванд, асарҳои барҷастатарин адибони гузаштаву муосирро мавриди омӯзиш қарор мегиранд, бо навъҳои адабӣ, санъатҳои бадеӣ, хусусиятҳои забонӣ ва асрори суханро дарк мекунанд. Ҳамчунин, маҳорати эҷодӣ, навиштани иншо, ҳусни баён, тозагии забон ва маҳорати суханварӣ низ аз мавзӯъҳои асосии таълимии адабиёт қарор мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё