МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҷудо кардани ғояҳои асосие, ки адабиёти давраи муайян ё давраҳои таърихӣ ифода мекунанд; 4. Ошкор сохтани махсусият ва арзишмандии ҳодисаҳои адабии давраҳои ба ҳам монанд; 5. Ҳикоятро бо масъалагузориҳое, ки хонандагонро барои дарки ҳодисаҳои нави адабӣ бедор менамояд, иваз намудан; 6. Дар шакли нақша ва ё хулосаҳо қайд намудани мазмуни асосии дарс.
Нақл бояд замон ва адабиёти он давраро возеҳ ва яклухт падид оварад. Дар ин замина усулҳои зеринро метавон зикр кард:
- Дар суҳбатҳои обзорӣ истифода намудани маводи ҳуҷҷатӣ (ёддошт, филм ва ғ.), ки моҳияти замон ва рўҳияи ҷомеъаро ошкор менамояд ва ин махсусияти инкишофи адабиётро таъйин менамояд; 2. Нақшаи рақами возеҳ (санаҳои таърихӣ аз рўи усули таърихӣ).
- Композитсияи тасвирӣ бо матн; 4. Истифодаи китобҳо ва асбоби аёнӣ; 5. Ашхоси зиндаи таърих ва адабиёт: тавсифи мухтасари баъзе шахсиятҳо ва образҳои адабиёти давраи омўхташаванда ва гузориши саволҳои масъаладор, ки шавқи хонандагонро ба ин ашхос ва қаҳрамонон афзуда, ба хондани пораҳои ба онҳо бахшидашуда вомедорад.
Барои арзиши ин дарсҳоро боло бурдан сабтҳои овозӣ, пораҳои дахлдори филмҳо ва ғайраро муаллимон метавонанд истифода баранд. Истифода аз имконияти дастраси аёниро низ ин машғулиятҳо дар алоқамандӣ бо мавзўъҳои таълимӣ пешбинӣ менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё