МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
7.1. МАВЗЎЪҲОИ ТАФСИРӢ ВА РИСОЛАВӢ
Бунёди таърихию адабии дарси адабиёти тоҷик барои хонандагони синфҳои боло бо назардошти таносуби мавзўъҳои тафсирӣ (обзорӣ) ва рисолавӣ (манографӣ) дар бораи ҷараёни таърихи адабиёт маълумот медиҳад.
Мавзўъҳои тафсирӣ имкон медиҳанд, ки манзараи куллии як давраи муайяни адабиёт дар алоқамандӣ бо ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ зинда шавад. Мавзўи рисолавӣ маводро оид ба эҷодиёти адиби ҷудогона дар бар мегирад. Ҳангоми омўзиши мавзўъҳои рисолавӣ кифоя аст, ки як ё якчанд асар пурра омўхта шавад. Дар таълими тафсирӣ ошноӣ бо ҷузъиёт истисно мешавад.
Мавзўъҳои тафсирӣ ҷузъи муҳими дарси адабиёт барои синфхои болост. Вай тасаввуроти ягонаро доир ба ҷараёни адабӣ ба вуҷуд меоварад.
Дар мавзўъҳои тафсирӣ доир ба нависандагоне, ки дар асри муайян зиставу эҷод кардаанд ва осори онҳо, тамоюлҳои эҷодии марбут ба эҷодиёти онҳо маълумот дода мешавад. Ин мавзўъҳо, албатта, аз маълумоти бисёре пур мебошанд ва то ҷое ҳифзи онҳо ба хонанда душвор аст. Бинобар ин ҳам, ин усули омўзиш бояд ба он мусоидат кунад, ки хонандагон дар бораи ҷараёни адабӣ маълумоти комил ҳосил кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё