Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тарҷумаи ҳоли адиб на фақат хонандаро бо санадҳои мушаххаси зиндагиномаи адиб, ҷустуҷўҳои эҷодӣ ва тазодҳои он ошно месозад, балки ба амиқ омўхтани осори ў ёрӣ мерасонад. Дар мактаби миллӣ таълими ҳаматарафаи ин мавзўъ арзиши хос дошта, ба дарки ҳаводиси номаълуми замонҳои дур ва пайванди маънавии эҷодкор ба замони таърихӣ мусоидат мекунад.
Хонандагони ҳар синну сол нисбат ба эҷодкорон, махсусан, шоиру нависандагон назари худро доранд, имконияти дастрасиашон ба дарки моҳияти ин масъала низ гуногун аст. Дар синфҳои поён нируи ҳофиза ва бардошти ҷисмонии хонандагон кифоят намекунад, ки мо санадҳои зиёди таърихӣ ва адабиро ҳангоми таълими ин мавзўъ ба кор гирем.
Дар ин ҳол маълумот дар бораи нависанда хусусияти лаҳзавӣ дорад, зеро хонандагони ин синнусол бештар ба ҳодисаву воқеаҳои саргармкунанда таваҷҷўҳ доранд.
Дар синфҳои боло хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки доир ба ҷараёнҳои таърихию адабӣ тасаввуроти комилтар дошта бошанд. Хусусияти ҷўяндагии хонандагони синфҳои боло ба ин мусоидат мекунад. Дар ин замина омўзиши давраҳои ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адиб арзиши хос пайдо мекунад. Вале омўзгор ба кадом давраи ҳаёт ва фаъолияти адиб муроҷиат накунад, паҳуи ахлоқии ин дарс ниҳоят муҳим аст.
Дар маркази таваҷҷуҳи муаллим бояд шахсияти адиб қарор гирад. Зеро шахсияти инсонии адиб ва камоти ҳунарии ў ду омилест, ки боиси бақои номи эҷодкор мешавад ва меҳри ўро дар дили хонанда абадӣ мекунад. Дар ҳақиқат, лаҳзаҳо ва манзараҳои зиндагии инсонҳои бузург ҳамеша дилрабо ва тамошогоҳи зебо буда, рўҳро қавӣ ва фаъолиятро таҳрик мебахшанд Чӣ гуна муаллими адабиёт метавонад хонандагонашро бо замон, шароити таърихӣ ва ҷуғрофиёии дигар ворид созад? Дар ин замина ошноии хонандагон бо маконҳое, ки бо сарнавишти инсонӣ ва ҳунарии адиб пайванди рўҳонию ҷисмонӣ доранд, ниҳоят муҳим ва арзишманд аст.

пешина
аз 344
навбатӣ