МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба онҳо имконеро фароҳам овардан лозим аст онҳо тасаввур ва эҳсос кунанд, ки гўё дар қадамҷоҳои Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ ва дигарон сайр мекунанд. Нависандаи рус К.Г. Паустовский ба ин маънӣ таъкид менамояд, ки намедонам, маконҳое, ки бо номи одамони бузург пайванде доранд, чӣ дилрабоӣ дошта бошанд.
Бебаҳс, онҳо ифтихор аз неруи маънавии инсон ва навои ашъорро, ки аз қаъри дуриҳои дур ба мо мерасад ва идроки тобиши ғайримуқаррарӣ ва маънии эҳёгарии зиндагиро, ки гузаштагони арҷманд ба мо мерос гузоштанд, таҷассум менамояд.
Дастовардҳои техникии имрўза, аз ҷумла интернет чунин саёҳатро барои муаллим ва шогирдонаш хеле осон ва ба тариқи ҳамешагӣ дастрас кардааст. Ҳамчунин имконияти истифодаи тасвирҳо, филмҳо ва дигар воситаҳои намоишӣ вуҷуд дорад.
Мутаассифона, мо маҷмўи зиёди филмҳое надорем, ки қадамгоҳҳои бузургонамонро ба навор гирифта бошанд. Вале кам бошанд ҳам ҳастанд филмҳое, ки дар бораи Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ ва баъзе шахсиятҳои дигар, ки онҳоро муаллим метавонад дар ин самт ба кор барад.
Омўзгор ҷойҳои алоқаманд бо ном, зиндагӣ ва эҷодиёти адибро ба хонанда намоиш дода, шароити зеҳниро барои вуруд ба зиндагӣ ва эҷодиёти адиб муҳайё месозад.
Барои дарки эҷодиёти адиб ҳикоят дар бораи хонавода ва воқеаҳои то зода шудани адиб чӣ арзише доранд? Чунин мавод барои дарки пурвсъати замоне, ки нависандаро офарид ва мавқеияти ҳаётии ўро шакл дод, чӣ ёрие мерасонад?
Хонандагон барои ба ин суолҳо посух гуфтан ба тайёрии пешакӣ ниёзманд ҳастанд.
Саволҳое, ки гузошта шуд, вобаста ба лаҳзаҳо ва вазъиятҳои мушаххаси зиндагии адиб ва туаллуқоти он ба муҳити сиёсию иҷтимоии замонаш ҳал карда мешаванд. Дар адабиёти гузашта ва имрўзаи мо осори бадеие ҳаст, ки лаҳзаҳои зиндагии ин ё он шоир ё нависандаро равшан мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё