МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Масалан, қасидаи Рўдакӣ «Шикоят аз пирӣ» чунин хусусият дорад. Ҳамчунин, дар адабиёти муосири тоҷик монанди «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ, «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода асарҳое ҳастанд, ки барои омўхтани тарҷумаи ҳоли адиб манбаи бебаҳоянд. Мо аз «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ дар меёбем, ки ў кӣ буду бо кӣ буд ва кӣ шуд. Бо шахсиятҳое ошно мешавем, ки ҷисман ё маънан дар паҳлўи ў буданд ва барои ташаккули ў саҳм доштанд.
Дар адабиётшиносӣ бештар давраҳои роҳи эҷодии адиб омўхта мешавад. Омўзгор ин маводро истифода карда, дарсро ба нақша мегирад ва матни кадом асарро хонданро таъйин мекунад. Дар ин ҳол аз як тараф мавқеи он асарро дар эҷодиёти ҳамон адиб шинохтан лозим аст, аз тарафи дигар дар бораи ин асар ва осори дигаре, ки матнаш хонда намешавад, бояд маълумот дод.
Таҳлили матни бадеиро, ки барнома дар назар дорад, мумкин аст дар ҷараёни омўзиши роҳи зиндагӣ ва эҷодии адиб амалӣ сохт. Ҳангоми таҳлили асари лирикӣ метавон чунин кард. Дар ин сурат таҳлили асари бадеӣ тасаввуроти хонандагонро доир ба шахсияти муаллиф амиқ мебарад. Асари бузургҳаҷми ҳамосиро баъди омўзиши роҳи зиндагӣ ва эҷодии адиб омўхтан ба мақсад мувофиқтар аст.
Дар ҷараёни ошноӣ бо роҳи эҷодии адиб муаллим на як бору ду бор бо санадҳое дучор мешавад, ки муборизаҳои адабии даврро нишон медиҳанд ва ё роҳи зиндагӣ ва эҷоди ин ё он шоиру нависандаро таҷассум мекунанд. Бо ин мақсад омўзгор метавонад ҷадвали тақвимиро истифода барад, ки дар он санадҳои рўзгори чанд адиби ба хонандагон ошно инъикос шудааст. Масалан, дар як вақт метавон ҷадвалеро, ки Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзодаро таҷассум мекунад, тартиб дод. Метавон таъкид кард, ки осори Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода дар журнали «Садои шарқ» чоп шудаанд.
Дарки ҳаммонандии зиндагии адибон ба эҳсоси воқеияти ҳодисаҳоро ёрӣ мерасонад. Вале нақли омўзгорро санадҳои мушаххасе, ки хислати адибро тавсиф мекунанд, ҷолиб месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё