Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳикоятро дар бораи адиб анҷом дода, на фақат мавқеи ўро дар таърихи адабиёт бояд муайян кард, балки фарозу фурудҳои зиндагӣ ва эҷодиёти ўро низ шарҳ дод. Дар ин замина зиндагии солҳои сиюми Садриддин Айнӣ маводи қобили таваҷҷуҳ дорад.
Зиндагии С. Улуғзода ва муносибат ба ў баъди фирори писараш Азиз барои хонанда дар ин замина арзишманд аст.
Дар асоси маводи мавҷуди доир ба роҳи зиндагӣ ва эҷодии адиб таҷриба мактаби мо равишҳо ва усулҳои зеринро корбаст мекунад: суханронӣ (лексия), суҳбат, маърўзаҳо, гузоришот ва ғайра. Фаъолиятҳое ба монанди кори мустақилонаи хонандагон бо маводи гуногун, ки дар китоби дарсӣ ҳаст ва омўзгор низ дар шакли варақҳо паҳн кардааст. Пораҳое аз ёддоштҳои муосирон, санадҳо, мактубҳо, рўзномаи адиб, пораҳои сиёҳнависҳоро хонда, хонандагон ба ҷараёни эҷодӣ назорат мекунанд, умумият додани маводро меомўзанд, ба коргоҳи эҷодии адиб ворид мешаванд, арзёбии эҷодиёти ўро шакл медиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо омўзгор метавонад дар ин замина аз пораҳои филмҳо ва ё сабти овози адиб истифода кунад. Ҳама гуна шакли аёният шавқи хонандаро меафзояд ва ҳам назди муаллим талаботи иловагӣ мегузорад.
Баъди он ки омўзгор ба қарор омад, ки доир ба кадоме аз воқеаҳои зиндагӣ ва эҷодиёти адиб муфассал сухан кард, ки дар зеҳни хонандагон нақш бандад, бояд дар бораи усулҳое андешид, ки манзараи умумии таърих ва имкони дарки ҳаматарафаи эҷодиёти адибро ба миён меоваранд. Вале барои он ки хонандагон асноди таърихӣ ва ба сарнавишти адиб алоқамандро ҳифз карда тавонанд, илова ба ҷадвалҳое, ки воқеаҳоро сабт мекунанд, ҷадвалҳои ҳаммонандро низ оид ба муҳимтарин ҳаводиси давраи зиндагии адиб доштан муҳим аст.

Суолҳо ва супориш 1. Кадом мавзўъҳо барои хонандагони синфҳои болоӣ доир ба ҷараёни таърихӣ-адабӣ тасаввурот пайдо мекунанд?
2. Кадом мавзўъҳоро метавон тафсирӣ (обзорӣ) номид?

пешина
аз 344
навбатӣ