Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Кадом мавзўъҳо рисолавианд (монографӣ)? Чанд мавзўи рисолавиро ном баред. Барои ҷавоби саҳеҳ ба ин суол ба барномаи таълимии адабиёт такя кунед.
  2. Таркиби мавзўъҳои рисолавӣ аз чӣ иборат аст? Таҳлили асари бадеӣ ва ошноӣ ба роҳи зиндагӣ ва эҷодии адиб дар он чӣ мақом дорад? Нақшаи омўзиши як мавзўи рисолавиро барои синфҳои боло тартиб диҳед. Ҳангоми таҳияи ин нақша аз барномаи амалкунандаи таълими адабиёт истифода баред.
  3. Нақшаи таълими зиндагиномаи С. Айнӣ ва С. Улуғзодаро таҳия кунед. Кадом лаҳзаҳои зиндагиномаи онҳо ҷолиби таваҷҷуҳанд?
  4. Осори тарҷумаҳолии адибони тоҷикро ном баред. Ҳангоми таълими мавзўъҳои тафсирӣ (обзорӣ) аз ин осор чи гуна метавон истифода кард?

Адабиёти омўзишӣ:

Абдусамади Мулло, Мирзошарифи Шодӣ Ташкили ҷараёни таълим ва талабот ба дарси муосир. Душанбе, 2007. 153 саҳ.
Абдусамади Мулло. Кароматулло Шукрулло. Сабақе дигар.
А. Ваҳобов., М. Қозиҷонов. Таълими адабиёт дар мактаб.
Душанбе, Маориф, 1988, 192 саҳ.
Бақозода Ҷ. Сифати китоби дарсӣ беҳбудӣ металабад. Дар китоби Ҷўра Бақозода. Нависанда ва идеали замон. Душанбе, 1987.
Бушмин А.С. Методологические вопросы литературоведческих исследовании. Ленинград, 1969.
Давронов С. Омўзиши вазни шеъри тоҷикӣ.- Душанбе, Маориф, 1992.
Мирзозода Х. Адабиёт, таълим ва тарбия. – Душанбе: Маориф, 1983.
Миров Т., Хоҷав Қ. Исломов Ш. Методикаи таълими адабиёти тоҷик. Душанбе, Маориф, 1991, 249 саҳ.
Шукуров М. Пайванди замонҳо ва халқҳо. Душанбе, 1982.
БОБИ 8

пешина
аз 344
навбатӣ