Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ОМЎЗИШИ ЗИНДАГИНОМА ВА ШАХСИЯТИ
АДИБ

Амиқ надонистани замони зиндагӣ ва сарнавишти адиб дар роҳи омўзиш ва дарки мероси адабии ў душвориҳое ба миён меоварад. Донистани замони зист ва муҳимтарин асноди ҳаёти шоир ё нависанда гиреҳкушои сарнавишти инсонӣ ва ҳунарии ў мебошад. Омўзгори адабиёт бо сухани кўтоҳ дар бораи зиндагиномаи адиб набз ва рўҳи замонеро, ки адиб зистааст, зинда месозад ва дар бораи он чи ки муосирони он адибро гирифтор медоштааст, нақл мекунад.
Сарнавишти адиб аз замони зисти ў аз ҷустуҷўҳои ғоявию ахлоқии насли ў ҷудо нест. Мутафаккири бузурги рус В.Белинский навишта буд, ки «шоири бузург барои он бебадал аст, ки дарду алами ў дар ҷомеъа ва таърих амиқ реша рондааст».
Ба ин маънӣ, шоир қабл аз он ки шоир бошад, яъне офаринандаи эҳсосҳо, рангҳо, оҳангҳо ва андешаҳо бошад, инсон аст, инсоне, ки ҳассостар, дарёбандатар, гирандатар аз дигар инсонҳост. Ба ин сон офариниши шеърии вай бояд уфуқи инсон будани вайро фарохтар ва жарфтар созад, ҳастии инсонӣ ҳастии вайро бипарваронад, густариш диҳад ва ба шукуфа ва самар расонад. Яъне сарнавишти шоиру нависанда аз замон ва инсонҳое, ки бо онҳо зистааст, ҷудо нест. Ва Нимо Юшич барҳақ мегўяд, ки «ман медонам, ки аз
1 ин сахттар чизе нест, ки шахс ғайр аз дигарон буда бошад».
Яъне сарнавишти адиби тавоно аз халқ ҷудо нест.
Замони Рўдакиро надониста, маънии бисёре аз байту порчаҳои шеъри ўро дарёфтан душвор аст. Масалан, вақте байтҳои Ту Рўдакиро, эй моҳрў, кунун бинӣ, Бад-он замона надидӣ, ки инчунин он буд.
Бад-он замона надидӣ, ки дар ҷаҳон рафтӣ,

Шеъри форсӣ, аз машрутият то имрўз. Теҳрон, 1357, саҳ 277.

пешина
аз 344
навбатӣ