МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
муайян намоянд. Ба ин далел бачаҳо ба сарнавишти шахсиятҳои бузург, ҷузъиёти зиндагии онҳо таваҷҷўҳи хос доранд. Нависанда ва шоир чӣ гуна инсон аст? Чӣ гуна зиндагие ба сар бурд? Чиро дўст медошту ба чӣ нафрат дошт?
Дар давраи бачагиаш ва ҷавониаш чӣ гуна шахсият буд? Бо кадом роҳ ба комёбӣ даст ёфт? Вақте ки чунин саволҳо дар зеҳни хонандагон пайдо мешавад, муаллим бо нақли саҳеҳ ва пурмазмун дар бораи адиб онҳоро бедору ҳушёр сохта, эҳсоси онҳоро таҳрик мебахшад ва онҳоро маҷбур месозад, ки дар бораи рафтор, кирдор ва ояндаи худ фикр кунанд.
Дарсе, ки ба зиндагиномаи адиб бахшида мешавад, ин сабақи ошноӣ бо инсонҳоест, ки ҳаёташонро вақфи хизмати ватан кардаанд, зиндагиашон таҷассуми дониш, малака ва хидмати содиқона ба халқу ватан мебошад. Бисёре аз адибони мо на фақат бо осори адабӣ, балки бо шахсияти волои инсониашон намунаи ахлоқи нек, ростӣ, масъулиятшиносӣ, ҷасорати ватандорӣ ва виҷдони пок гардидаанд. Шоирон наметавонанд ва набояд кори дигаре ҷуз шеър ва зиндагии дигаре ҷуз зиндагии шеърӣ дошта бошанд. Яъне шоир (нависанда низ) оинаест дурўя, рўе дар баробари ҷомеа ва таҳаввулоти он ва рўе дар баробари авотиф ва нафсониёти худи ў.
Ошноии комил ба зиндагиномаи устод Айнӣ ба хонанда сабақи бузурги ахлоқӣ медиҳад. Албатта, агар мо тафсири хушку холии санадҳои тарҷумаҳолии зиндагии устодро як сў гузошта, дар бораи ҳаёти пуршебу фароз ва умри бобаракати ў, ки танҳо барои беҳбуди миллат сарф шудааст, ба хонанда ҳикояти шавқангез ва таъсирбахши арзишманд гуфта тавонем, он вақт саъю талошамон беҳуда намеравад. Хислат ва шахсияти Айнӣ мураккабӣ ва ғановати табиати ҳунарӣ ва инсонии адибро мекушояд. Ба ифодаи донишманди адабиёт Муҳаммадҷони Шакурӣ, «Садриддин Айнӣ зиндагонии пурталотуме аз сар гузаронида, бисёр одам ва воқиаҳои аҷиб дида, талху ширинро хеле чашида, таҷрибаи фаровоне гирд оварда буд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё