Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зиндагии шахсии устод Айнӣ фақат ба худаш мутааллиқ набуду нест. Сарнавишти ў сарнавишти халқи тоҷик аст. Ба ҳамин далел, ў барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон шинохта шуд.
Камоли шахсияти инсонӣ ва адабии Айнӣ натиҷаи заҳмати бузурги ботинӣ, серталабии беҳадду андоза аз худ, таҳлили ҳамешагии рафтор, ҳамеша дар назар доштани ҳадафҳои бузурги адабӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Айнӣ аз нахустин қадамҳояш ба зиндагӣ дар назди худ мақсадҳои бузург гузошта буд ва то охирин нафасҳояш барои амалӣ сохтани онҳо талош кард. Дар ин маврид нависандаи бузурги рус Лев Толстой навишта буд, ки «зинда касест, ки ба пеш меравад, ба сўи нур, пешопеш шамъи ў равон аст, шамъе, ки ҳеҷ вақт ба интиҳои нур намерасад, зеро нур пеш аз шамъ меравад. Ва ин зиндагист, чизи дигаре нест».
Садриддин Айнӣ дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш маънии ҳастиашро дар хизмати халқ дида буд. Ў танҳо барои худаш зистанро қабул надошт. Ҳамон зиндагиро зиндагӣ шинохта буд, ки вақфи дигарон аст. Ў барои худаш намеандешид, барои осоиши худаш фикр намекард. Агар чунин эътиқоду ҳадаф медошт, дар субҳи ҷавониаш барои тағйири авзои иҷтимоии ватанаш – Бухоро талош карда, гирифтори азобҳои ҷисмонӣ ва рўҳӣ намешуд. Навиштаи зерини Садри Зиё дар бораи ҳадафи зиндагии Айнӣ дар оғози фаъолияти эҷодию иҷтимоиаш ҳуҷҷати қотеъ аст: «Бародари муҳтарам, Садриддинхоҷаи Ғиждувонии Айнитахаллусро, ки назман ва насран аввали Амир Хованд (Мирхонд- шарҳи мо) ва Сонии Саъдии Шерозӣ ва дар ҳадафи зоташ ранҷуру

1 Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Диди эстетики халқ ва насри реалистӣ.
Хуҷанд, 2006, саҳ.13.

пешина
аз 344
навбатӣ