МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
-Мардӣ чист? Чӣ гуна одамро Рўдакӣ мард шинохтааст?
Мард чӣ гуна сифатҳои инсонӣ доштааст?
Ҳар кадоме аз ин ҷумлаҳои саволӣ бо роҳи таъкид бар калимаи муҳим бояд ба савол ҷавоби мувофиқро илқо кунанд.
Ин гуна машқро дар мисолҳои ҳаммонанд барои синфҳои дигар низ ташкил карда, ба он муваффақ шудан лозим аст, ки хонанда таъкиди мантиқиро шунавад, талаффўз кунад ва дарк намояд.
Дар ин равиш ҳангоми таълими ғазали «Сад ҷон фидои дўст»-и Ҳилолӣ метавон ба ин тартиб таъкиди мантиқӣ кард:
Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дўст, Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дўст.
Дар дўстӣ мулоҳизаи маргу зист нест, Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дўст.
Ҳошо, ки ғайри дўст кунад ҷо ба чашми ман, Дидан наметавон дигареро ба ҷои дўст.
Аз дўст ҳар ҷафо, ки расад ҷои миннат аст, Зеро ки нест ҳеҷ ҷафо чун вафои дўст.
Бо дўст ошно шуда бегонаам зи халқ, То ошнои ман набувад ошнои дўст.
Дар ҳалқаи сагони дараш меравам, ки боз Аҳбоб сар зананд ба гирди сарои дўст, Дасти дуо кушод Ҳилолӣ ба ҳазратат.
Яъне ба даст нест маро ҷуз дуои дўст.
Дар мисраи аввал муроди шоир яқин аст, бинобар ин ҳам таъкид бар калимаи «бархез» меафтад. Баъд ифодаю таркибҳои дигар, аз қабили сари худ, пои дўст, дўстӣ, маргу зист, душман, намирад ва ғайра ҳадафи маънавии шоирро таъсирбахш ифода кардаанд.
Дар ин шеър (ғазал) барои шоир пеш аз ҳама чӣ муҳим аст?
Вобаста ба ҷавоб мавқеи таъкиди мантиқӣ комилан равшан мешавад.
Дар вақти хондани шеър таваққуфи овозӣ мавқеи муҳим дорад. Ба хонандагон малакаи таваққуфи овозиро омўхта, мо ба онҳо эҳсоси дарёфти ҳаҷми сатр, фосилаи тақтеъ, аз ҳама муҳим ҳисси вазншиносиро ёд медиҳем, ки ин яке аз вазифаҳои муҳими хониши бадеӣ, муассир ва равону фасеҳ аст. Шеърро аз ёд хонда зеҳни хонанда ба меъёри ҳиҷоҳо, оҳанги он, фосилаи тақтеъҳо одат мекунад, ба суханаш меъёри вазнро қоил мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо