МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳангоми хондани шеър таваққуф на фақат дар байни мисраъҳо лозим аст, балки рукнҳои арўзӣ ва тақтеъҳо низ ба худ таваққуфи мантиқӣ доранд. Дар вақти таълими арўз ин ҳодисаро ба хонандагон ба воситаи мисолҳо нишон додан арзишмандтар аст. Зеро омўзиши рукнҳои арўзӣ худ ифшогари таъкиди мантиқӣ ҳастанд.
Дар синфҳои боло, ба хусус, синфҳои 6-7 мо хондани шеърро бо наср тавъам идома медиҳем. Маълум аст, ки хониши равону фасеҳи наср душвориҳо дорад. Мо бояд пораҳои насрӣ, ҷумлаи мураккабро хонда онро равон, бо дарёфти мавқеъҳои таъкиди мантиқӣ хонем ва маънии хостаи нависандаро ифода намоем.
Мо ба душвории хониши бадеии наср ишора кардем. Барои он ки вазни шеър, таркиби наҳвии он хонданашро нисбатан осон менамояд. Ба хусус, тақтеъ, рукнҳои арўзӣ дар шеър дарёфти мавқеи таъкиди мантиқиро осон мекунад. Наср бошад, вазни хоси худашро дорад. Онро шинохтан ва ёфтан душвориҳои хос дорад. Махсусан, оҳанги насрро ёфтан ва онро равон, фасеҳ ва возеҳ баён кардан мушкилиҳо дорад. Барои ҳамин ҳам дар ҷараёни хониши бадеӣ аввал аз шеър сар карда, тадриҷан ба наср гузаштан судмандтар аст. Барои хонандае, ки дар хондани шеър таҷриба дорад, хондани наср то ҷое осон хоҳад шуд.
Бисёре аз мутахассисон дар вақти хондани наср аломатҳои китобатиро асос нишон додаанд Вале фақат аз рўи нуқтаву вергул ва дигар аломатҳо дар ин кор муваффақ шудан душвор аст. Ҳангоми хондани наср вобаста ба маънии асар мавқеияти таваққуфро бояд шинохт, балки ҳис кард. Гоҳо мешавад, ки вергул ё аломати дигар ба таваққуф асос намедиҳад. Агар муаллим намунаи як пора шеъри ба истилоҳ сафедро бо пораи наср қиёсан тавзеҳ диҳад, дар ибтидо гиреҳкушои мушкилоти хониши бадеии наср мешавад. Аввал пораеро аз шеъри Гулназар меоварем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо