МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Шеър бо ҳамин бозёфти шоирона – ҷомаи домодӣ шурўъ мешавад ва бо ҳамин анҷом меёбад. Аммо ҷомаи домодии ҷамъбаст мафҳуми густурдатар дорад ва Лоиқ тавонистааст модари тоҷикро «аз кулбаи пасти назарногираш» берун орад ва ўро модари тамоми оламиён ҷилва диҳад:
Агар дасторхону ҷомаи нав дўз(ӣ) бо уммед, На танҳо баҳри ман, баҳри ҳама фардоиён ҳам дўз!..
Ин шеър аз бандҳое иборат аст, ки ҳар кадом бо мисраи озоди беқофия ҷамъбаст мегардад.
Масалан:
Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои пасинатро Ба нақши гул, ба рўи сўзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо Барои субҳи фардо ҳадя месозӣ, сарафрозӣ.
Ва мисраи ҷамъбастӣ ин аст: «Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту, аё модар!»
Ба назар чунин мерасад, ки аз хуруҷи ҳиссу ҳаяҷон шоир нафасгардон мешавад ва мисраи охиринро ҳамчун фарёд аз дил берун мекунад.Чанде аз ин мисраъҳо:
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Чӣ дунёест дунёи умеди ту, аё модар, аё модар!
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту, аё модар, аё модар!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош, аё модар, аё модар!
Ба он қисмате, ки дар боло аз шеърҳои «Қасидаи модар» ва «Волотар аз ҳама» мисол овардем, таваҷҷуҳ фармоед, забони онҳоро бо забони шеъри «Ба модарам» муқоиса кунед, хоҳед дарёфт, ки дар шеърҳои баъд Лоиқ бисёр суханвар аст, аммо дар «Ба модарам» бисёр шоир.»
Мо ин пораи тўлониро танҳо ба хотири ёрӣ ба муаллим дар хондан ва таҳлили шеъри зикршуда овардем. Муаллим ихтиёр дорад, ки ин корро дар дарсҳои амалӣ низ анҷом диҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо